Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

натавонистам. Ҳарчанд тақрибан медонам, ки саркашии ИНХ дар чист?

Дари ИНХ-ро қариб ҳар рӯз охурча кардам. Аммо аз девор садо буду аз онҳо не. Ҳамин тавр ҳар рӯз баҳонаи наве пеш меоварданд ва мегуфтанд, ки пагоҳ ё паспагоҳ оям. Ҳамин тавр қариб 150 рӯз давутоз кардам, аммо ягон гавҳари мақсад ба даст наомад.

Ахиран диданд, ки нашуд, маҷбур бардурӯғ маро ба нав кардани шиносномаи ҷамъиятам таҳрик карданд. Бо ин ҳама аз ин гуфташон сар накашидам. Худованд шоҳид, ки пас аз 150 рӯзи сарсонии ҶДММ "Наҷот" ва бо пуррагӣ аз нав сохтани шиносномаи хатсайри Исфара-Хуҷанд ба ин дархостамон муваффақ гаштам. Тӯли омода сохтани ҳуҷҷатҳо мебоист аз назорати садбораи БДА-ву Роҳи оҳану Идораи роҳсозӣ ва чанд нуқтаҳо бояд мегузаштем.

Бо он ки аз дарёфти иҷозати гардиш хурсанд будам, аммо дар дилам доге ҳанӯз боқист, ки наход як ҳуҷҷатро 150 рӯз тӯл кашонанд? Магар дар баробари як зани заъиф-модар чунин муносибат аз рӯи адолат аст?

...Оворагии 150-рӯза паси сар шуд. Андак нафаси осуда кашидам. Бандаи ғофил чунин офарида шудааст, ки агар аз як мушкилоте бираҳид, оҳи чуқур мекашад ва худро озод ҳис мекунад, ки душвориаш паси сар шуд. Аммо бехабар аз он ки боз ӯро мушкилоту сангиниҳо дар пеш асту ҳамзамон дасисаву найрангҳои рӯзгор ҳамеша пеши пояш чарх задан доранд.

10 сентябри соли 2005. Дар коргоҳ нишаста будам, ки занги телефонии дастиям садо дод. Гӯширо бардоштаму садои раиси бахши бонувони шаҳри Исфара Набувват Истроилова ба гӯшам расид. Баъд аз салому паём ӯ аз ман хоҳиш кард, ки як сари қадам ба ҳузураш дароям. Хуб гуфтаму аз ҷой боло шуда, ба сӯи ҳукумати шаҳр ба дафтари кории Н.Истроилова шитофтам.

Ӯ маро хеле хуш қабул кард. Аз аҳли байту чи гунагии кору
ҳолам пурсон шуд. Андак фурсат нагузашта ӯ пеши ман
даъватномаеро гузошт

пешина
аз 385
навбатӣ