Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Қариб буд занозаниву пархош миёни кормандони ҷамъияти ман ва онҳо сар занад. Аз ин хотир, Носирҷонов ва Зайниддиновро бо як азоб аз онҳо ҷудо карда ба «Газел» оварда шинондам. Аҷоибаш он буд, ки раиси комиссия Бобоҷонов ором буд, аз ин воқеа, ки шояд охираш ба фоҷиа меанҷомид, чизе нагуфт. Худ гӯё ҷанҷолро хезонду мисли мусичаи бегуноҳ дар канорае тамошобин шуд. Гӯё ҳеҷ воқеае рух надодааст, касе чизе нагуфтааст. Нашунидааст, дигар аъзоҳои комиссия паст-паст букур-букур мекарданд:
- Аъ, аҷоиб-ку, қизиқчигӣ накунитон, наход, ҳой шумон чихел, чува хабар надода бошем? - гӯён аъзоёни комиссия бо лаҳҷаи худ гилагузории сохтакорона карданд.
Онҳоро ҳам ба якто-якто ба мошин овардам, хоҳиш кардам, ки тендерро аввал аз мо сар кунанд, нақлиётамон ҳамааш тайёр аст, бигзор бинанд, аз назар гузаронанд.
Комиссия мӯҳлати ҳафт соат бо пуррагӣ ҳамаи нақлиёти ҷамъияти моро аз назар гузаронид. Рӯзи дигар бо ҳуҷҷатҳоямон шиносоӣ пайдо намуд.
Баъдан аз миш-миши худи ронандагони ин се ҷамъият маълум гашт, ки сабаби аз ҷониби роҳбарони ин се ҷамъият роҳ надодани комиссия дар он будааст, ки якумаш ҳолати нақлиёташон хароб будаасту дуюм дар мӯҳлати се сол 9 маротиба дар асари садамаи кормандони се ҷамъият ҷони ду нафар сокинон ба таври фоҷиавӣ қурбон шудааст. Далели саввум ин аст, ки аз ҷиҳати ҳуҷҷатгузориҳо ҶДММ «Арсенал» ва «Танзим» нотайёранд ва ҳоказо.
Аммо ба ҳамаи ин раиси комиссия А. Бобоҷонов аз пушти панҷааш нигоҳ кард. Ӯ ин намоишномаи қаблан тайёршударо айнан медонист, аммо ба рӯи қонуну қоида хок пошид. Зеро эълони рӯзи тендер дар рӯзнома дарҷ шуда буд ва дар вохӯрии пеш аз тендерӣ низ кулли масъулини ҷамъиятҳо он ҷо ҳузур доштанд ва худи Бобоҷонов қоидаву тартиботи тендерро фаҳмонида буд. Агар ӯ аз ин сенария хабар намедошт, чаро нагуфт, ки се ҷамъияти МНА-35 аз тендер огоҳ буданд? Чаро нагуфт, ки худи ӯ тартиботро се рӯз қабл фаҳмонида буд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо