Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
нақшҳои асосӣ: директори "МНА-35" — Сайфиддинов, директори "Танзим" — Шамсиалиев, директори "Арсенал" — Набиев, инженери ТБ Тӯхтаев, сармуҳосиби ҳар се ҷамъият М. Юнусов ва дигар лагандбардорон. Режиссёру ба саҳнагузорандагон: дастандаркорони ИНХ.
Хонандагони азиз, ба зеҳни зираки шумо саҳнаи дидаамро айнан нарезондаву илова накарда пешкаш менамоям. Худ хулоса бароред.
Ҳафт-ҳашт нафар роҳбарон ва дигар масъулини се ҷамъият дастҳо дар болои сина рост дар зинаи даромадгоҳи бино меистоданд. Аз чеҳраи сохтакоронаашон маълум буд, ки гӯё сабаби ташрифи меҳмононро намедонанд. Аз ин хотир аз якдигар мепурсиданд, ки инҳо киёнанд, барои чӣ омадаанд. Ҳама аз пешвози онҳо дар тааҷҷуб афтоданд. Бахусус мо ба ин сенария қоил шудем. Гумон кардам, ки шояд инҳо шӯхӣ мекунанд? Аммо дар асл дидам, ки се ҷамъияти МНА-35 гӯё ҳеҷ чизро намедонанд, худро ба нодонӣ заданд.
Раиси комиссия Бобоҷонов бо овози паст:
— Аввал тендерро аз шумоён сар кунем гуфта омадем, — инро Бобоҷонов гуфту ман дар чеҳраи фиребинаш табассуми сохтаеро мушоҳида кардам ва дарҳол хулоса кардам, ки ӯ низ аз ин сенарияи пешакӣ тайёршуда огоҳ аст.
Аммо Савриддин Сайфиддинов ба ҷои посух якбора ба шӯр омада:
— Ин чӣ гапи худаш, кадом тендер, ба мо кӣ хабар дод? Дар ин даргоҳ се ҷамъият вуҷуд дорад, ки ҳамаамон кабинети корӣ дорем, дар кабинет телефон дорем, ҳатто телефони дастӣ ҳам дорем. Наход, ки як бор моро хабар надода биёед, мо шуморо қабул намекунем, — оби даҳонашро ба чор тараф пош дода, бо садои гулӯдарронаш гуфт Сайфиддинов.
Байни комиссия ва онҳо баҳс ба миён омад. Мо аз ин сохтакориҳо бехабар баҳси онҳоро ҷиддӣ қабул кардем. Ҳатто корманди ҷамъияти мо Носирҷонов ва Зайниддинов ба суханони ноҷои ин "мизбонон" тоқат карда натавониста, қариб буд бо "мизбонон" дастбагиребон шаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо