Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

оид ба тендери мазкур эълон чоп карда, рӯзи баргузориаш аниқ дар рӯзи 1 июли соли 2005 нишон дода шуд. Бовар дорам, ҳама аниқ медонистанд, ки рӯзи баргузории тендер кай аст.

Аз ин хотир, ман низ осуда будам, ки инак фурсате расидааст, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Аммо ман бехабар, ки зери коса ҳамеша нимкосаҳои дигар будааст, ки афроди ҳақҷӯву ҳақгӯ дар бадали ҳақталошиашон доиман бо азобҳои тақдир рӯ ба рӯ мешаванд. Кунун дар танҳоӣ менишинаму ба гирдоби андеша ғарқ мешавам, ки дар паси саҳна ҳазорҳо садрӯяву садзабонаҳо пинҳонанд, ки ҳеҷ гоҳ намешавад чеҳраи асили ин пасипардагиёнро ташхис дод.

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд.
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мани аз бозии пасипардагиён ноогоҳу соддаву самими баргузории тендерро ҳақиқат ва тантанаи адолат пиндошта, интизори кашидам, ки ҳар чӣ зудтар комиссия баргузор шаваду ҷанҷолҳои бесарунугу бемаънии байни ҷамъиятҳо сомон ёбад.

Аммо ҳайҳот, он чӣ ман мунтазир будам, тамоман тақдир чизи дигарро ба ҳузурам армугон овард.

Субҳи рӯзи муқарраршудаи тендер. 1 июли соли 2005. Воқеан соати 8:00-и субҳ аз вилояти Суғд гурӯҳи комиссия иборат аз 8 нафарро пешвоз гирифтем.

Гарчанд мо ба талаботҳои тендер тайёр будем, вале бо таклифи ман комиссия хост аввал яке аз ҷамъиятҳои даргоҳи МНА-35-ро бинанд. Ман ба хотири таҷрибаи кори омӯхтан бо ду нафар кормандонам — Н. Носирҷонов ва сармуҳандис Ҷ. Зайниддинов ба комиссия ҳамроҳ шуда, ба автобаза омадем. Вақте ба назди идора фаромадем, воқеаи аҷоиби касношунидро шунидему ҳам дидем.

Аҷоиб барномарезии театри лӯхтак гӯё ин ҷо фаъолият дорад. Айнан намоишномаи навбатии театри лӯхтаки се ҷамъиятро ҳамагон шоҳид шуданд. Аз ҳама булъаҷабаш ин ки режиссёрнон низ худро ба қатори актёрён зада, коргардони аслии ин намоишнома буданашонро пинҳон карда буданд. Дра

пешина
аз 385
навбатӣ