Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ман масъулини дигар ҷамъиятро ҷамъ мекунам, баъд сари мақсад меоем.

Бо ҳамин сӯҳбати кӯтоҳ бо ҳамдигар худоҳофизӣ кардем. Бо иззат ӯро гуселаш кардам ва субҳи рӯзи дигар 13.05.2005 тибқи ваъда дар соати муқаррарӣ дар утоқи кории директори генералии ҶС "МНА-35" Ф.Шокиров ҷамъ шудем. Аз ҷамъиятҳои хусусии Ф. Шокиров иҷрокунандагони роҳбарии се ҷамъият-С.Сайфиддинов, Ф.Набиев, А.Шамсиалиев бо иштироки бевоситаи худи Шокиров ҷамъ омаданду аз ҶДММ "Наҷот" ман бо сармуҳандисам Ҷ.Зайниддинов иштирок доштам.

Дар натиҷаи гуфтушунид ва розигии ҳаматарафа хатсайрҳо ба чор ҷамъият тақсим гардид. Ногуфта намонад, ки хатсайрҳое, ки ба се ҷамъияти Ф. Шокиров вобаста шуд, ҳамон хатсайрҳои меросии собиқ автобазаи Шӯравӣ буд. Аммо аз они ман, қисмати зиёди хатсайрҳои заҳматкашидаи худам буд. Дар анҷоми сӯҳбат шартнома ба имзо расид, ки дар он шартнома, тақсимоти хатсайрҳо муайян гардид. Дар шартнома имзои панҷ нафар масъулони ҷамъиятҳо ва Ф. Шокиров гузошта шуд.

Билохира санаи 28 июн дар толори маҷлисгоҳи ИНХ муовини сардор А.Бобоҷонов, сардори шӯъбаи ҳамлу нақл М.Қодиров ва сардори шӯъбаи бехатарӣ Г.Додобоев, роҳбарон ва мутахассисони чор ҷамъияти исфарагӣ ҷамъ омадем. Мазмуни маҷлис аз сӯҳбати фаҳмондадиҳӣ оид ба баргузории қоида ва ҳолатҳои тендер буд. Аз ҷониби раиси комиссия А.Бобоҷонов гаштаву баргашта таъкид гашт, ки рӯзи 1 июли соли 2005 дар асоси нақша ҳатман тендер дар ҷамъиятҳои шаҳри Исфара баргузор хоҳад гашт. Аз ҷумла маъмурияти ҷамъиятҳои МНА-35, "Арсенал" ва "Танзим" низ он ҷо ҳузур доштанд. Бори дигар ба масъулини ҷамъиятҳо ёдрас гардид, ки омодагиҳошонро бинанд, то ба рӯзи тендер рӯзҳои бошумор мондааст. Ҳама бо ишораи тасдиқ сар ҷунбониданд. Агарчанд мавзӯи баргузории тендер қаблан дар рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Ленинобод" "Ленинабадская правда" борҳо

пешина
аз 385
навбатӣ