Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
нарасонед. Бо ризогии ҳамдигар созиш карда шартномаи ҳамкорӣ бандед ва нусхаи шартномаро ба унвони ман ирсол намоед. Ман мунтазири сӯҳбат, ҳамкорӣ ва нусхаи шартномаи шумоям.
Ба назар чунин мерасид, ки, ҳар замон Ф.Шокиров дар телефон луқма партофта, худро сафед карданӣ мешуд, вале "ором шавед, маро то ба охир гӯш кунед, ин ҷо ҳуҷҷатҳо гувоҳ аст" гуфтани Гулов ба Шокиров имкон намедод, ки худро сафед кунад.
Гулов ба ҷуз он ки як марди донишманд аст, хеле инсони саховатпеша ва фурӯтан аст. Ман бисёр амалҳои наҷибу нодир ва хислатҳои ҷавонмардиро дар симои Гулов дидам. Аз аксари коруфтодагон низ шунида будам, ки ионатрасону хайрхоҳ аст. "Шунидан кай бувад монанди дидан", бо ин масал ман ба ҷуз он ки накӯии ин мардро шунида будам, инак бо чашмони сар дидам, барҳақ будааст.
Пас аз чунин суханҳои решадори марди доно пеши роҳи қорам кушода гардид.
Субҳи 12.05.2005 ба Шокиров худам занг задам ва аз рӯи мусолиҳа ва тибқи супориши бевоситаи Гулов. Бояд ба сари мизи музокирот нишинем ва масъаларо якҷоя ҳал намоем. Ӯ низ тақозои маро рад накарду ба вохӯрӣ ризоияташро дод. Пас фурсате ба дафтари кориам омад. Дар тан либоси варзишӣ дошту авзоаш хеле гирифта ба назар менамуд. Маълум буд, ки хеле озурдахотир аст. Пас аз салому алек ва нишастан ба курсӣ дар ҳол ба гила даромарад:
-Барои чӣ пеш аз даромадан ба назди Гулов маро надидед? Ҳамон гапзанон дар ҳамин ҷо ҳам ҳал мешуд, -аз оҳанги гапаш хеле озурдагии шадидро эҳсос кардам.
-Охир шумо қаблан ба саломи ман алек намегирифтед, хуши гапзаниатон намеомад-ку. Охир ман ҳам дигар илоҷ надоштам, -дар посухи гилаш чунин ҷавоб додам.
Ҳар ду андак аз ҳамдигар гилагузорӣ кардему баъдан ман ба сари мақсад омаданро аз ӯ тақозо кардам.
-Хуб майлаш, пагоҳ дар соати 8:00 ба автобаза ҳозир шавед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо