Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

шаҳри Душанбе дароям. Аз марому мақсадам он касро ошно карда ва дар айни ҳол аз садди роҳҳо, фишорҳои ба миён омада ба он кас нақл намоям

Фаромӯш намекунам, пас аз нисфирӯзии 9.05.2005 буд. Чун вориди дафтари кории Гулов шудам, чеҳрае маро пешвоз гирифт, ки нигоҳи бовиқору самими, абрӯвони сиёҳу пешонии фарох, қадду басти баланду боло дошт. Аз гуфтораш маълум буд, ки ботинаш ҳамсони зоҳираш чунон зебову меҳрубон аст.

Таи ду соат ин марди хирад бемалулу хастагӣ маро то ба охир гӯш кард, ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаамро бо диққати том аз назар гузаронид ва як оҳи чуқуре кашиду даст ба сӯи гӯшаки телефон бурд.

Ба суроғае занг зада омирона супориш дод, ки аз номи ӯ гӯянд, то Файзулло Шокиров бо Гулов тамоси телефонӣ гирад. Тахминан пас аз 5-10 дақиқа Шокиров дар воқеъ занг зад. Пас аз ҳолпурсӣ Гулов бо як озурдагӣ гуфт:

  • Файзулоҷон, шарм намедорӣ, охир ту мард ҳастӣ, ин занак, як зани тоҷики мусулмон, чӣ лозим ин қадар машмашаҳо. Ба ту чӣ намерасад, бо пули пучак автобазаро харидӣ, ба ҳафт пуштат мерасад. Шумоён аз як ҷо бошед, аз як шаҳр, аз як маҳал. Аз Худо, аз рӯҳи падару модаратон шарм намедоред. Шояд онҳо дар як қабристон хоб карда бошанд. Мо кӯлобиҳо як хусусият дорем, агар қотили падарамон ҳамсоя бошад, ба хотири ҳамсогиаш ба сараш ғавғо ояд, дастгирӣ мекунем. Аз шумо хоҳиш дорам, пагоҳ ё пас аз пагоҳ ин кас ба Исфара мераванд, хуб мешуд аз фурудгоҳ пешвозаш гиред, самимона сӯҳбат намоед, сайрхатҳое, ки бо заҳмат кушодааст ба худаш супоред, халал
пешина
аз 385
навбатӣ