Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

инобат нагирифт. Дар охир дидам, ки ҳар таклифу дархосте, ки аз ҷониби Сайфидинову пайравони Шокиров шуд, бе ягон мамониат таклифоту дархостҳо мисли равған гузашту қабул шуд. Хулосаи ноадолатонаяи онҳо маро маҷбур кард, ки боз ба марказ комитети ҳимояи соҳибкорон равам.

Дарҳаму барҳамӣ боз аз пештар бештар гардид. Алами онҳоро медонам. Аз хонандаи азиз пештар сӯҳбати ману Шокировро дар бораи зиёда аз 40 километр зиёд роҳ гаштани микроавтобусҳо бо эҳтиром хоҳиш карда будам, ки нағзакак дар хотир дошта бошанд. Зеро маҳз ғарази шахсии ин фард дар ҳамон сӯҳбат барҷало буд. Тавре маро огоҳ ва ҳатто манъ кард, ки микроавтобусҳо набояд аз 40 километр хатсайр бароянд. Инак, маршруткаҳои Танзиму Арсенал, ки филиали худи МНА-35 аст, чаро баъд аз ибтикори ман талошгари роҳи Хуҷанд шуданд? Охир ба қавли худи ҷаноби Шокиров зиёда аз 40 километр мумкин набуд-ку. Оваҳ, афсӯс, ки на ҳар мард ба гуфтааш содиқ аст. Шокиров ин хатсайри равғанинро намехост аз даст диҳад. Аз ин хотир баҳонаву сабабҳои беасоси зиёдро паси ҳам қатор карда гуфта буд. Алъон бошад, мумкин будааст. Ба ҳоли ин мард дилам месӯзад.

Ҷонам ба лаб омад. Аз дасисаву иғвоҳои як идда мардоне, ки аз худ шермардҳои қаҳрамон метарошанд, ростӣ хеле хаставу дилгир шудам. Ҳама он чӣ дар роҳи кушодани хатсайри Исфара-Хуҷанд, Исфара-Конибодому Исфара-Истаравшанро пушти сар кардам. Вале боз овозаҳои тендери навбатӣ ба гӯшам расиду найрангу сохтакориҳои ҳарифонам ошкор гардид.

Шукр, ки Худованд дар қатори даҳҳо тан мардони кӯрдилу нотавонбин ду-се абармардеро низ меофарад, ки туфайли ин абармардон зиндагӣ ба чашм зебову ба дил гарм метобад.

Вобаста ба мушкилоти пеш омада дар шаҳри Душанбе дар Вазорати нақлиёт, идораи давлатии ҳимояи соҳибкорони ҷумҳурӣ, Инспекцияи нақлиёти ҶТ хеле саргардон будам. Яке аз дӯстонам маро диду маслиҳат дод, ки сароқадам ба назди Гулов Сафаралӣ — директори корпорацияи мусофирбарии

пешина
аз 385
навбатӣ