Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ин Дилшод Машарипов ҳамсоли писарам буд ва маро "ту-ту"-гӯён муроҷиат мекард, ки бароям басо аламовар буд. Дидам, ки ӯ боз мушт рӯи миз мекӯбад.

Тоқатам тоқ шуд. Бо хашм аз ҷой хестаму аз китфаш гирифтам, ки телпакаш қариб ба замин афтид. Ӯ, ки ин амали маро мунтазир набуд, дар ҳайрат шуд. Машарипов гумон кард, ки ман дар баробари дӯғу дарангаш тарсида ба зораву тавалло медароям. Аммо дид, ки ман на аз он турфае ҳастам, ки аз ҳар сухани таҳдидомез битарсам. Ҳарчанд ӯ худро қафо мекашид, бо тамоми вуҷудам аз китфаш дошта то ба дари коргоҳ баровардаму берун рондам.

Дарҳол санад тартиб додем, ба он Гулов, Самадов, Носирҷонов ва худам имзо гузоштему ба прокуратура пешниҳод кардем. Дар натиҷаи санҷиши прокуратура даъвои навбатии ман ҳақ баромад, ин хонашери майдонғариб ба муҳокимаи интизомӣ кашида шуд.

...Тавре гуфтам рақобати носолим ва ноогоҳона аз ҷониби Шокирову пайравонаш ба ҷамъияти ман решаву тиррешаву патакрешаашро медавонд. Дар ин бора қариб тамоми нуқоти масъули ноҳиявӣ вилоят ва марказ огоҳ буданду сари созиши мо ҳеҷ чора андешида натавонистанд.

Бо баҳонаи он ки рақобат аз байни мо ҷамъиятҳои исфарагӣ бардошта шавад, роҳбарони соҳаи нақлиёти вилоят тасмим гирифтанд, ки дар Исфара тендер (озмун) барпо созанд. Аз ҳама аҷибаш ҷаноби Эгамбердиев раиси комиссияи тендерӣ интихоб гардиду муовинаш Бобоҷонов котиби комиссия. Мақсади ин шахсони "маъруф" на балки сиёҳ, балки ғайриқонунӣ ҳам буд. Бо ин восита дар асоси арзи мо тендер вайрон гашт. Яъне прокуратураи вилояти Суғд ғайриқонунӣ таъсис додани комиссияро исбот кард.

2 марти соли 2005. Дар асоси комиссияи нав интихоб шуда боз ҷамъомадҳо оид ба тақсимоти хатсайрҳоро ба миён оварданд. Бо иштироки А.Бобоҷонов дар ҳузури ҷонишини раиси шаҳр С.Рустамов ҷаласа баргузор гардид. Дар ин ҷаласа таклифу дархости моро комиссияи вилоят-Бобоҷонов ба

пешина
аз 385
навбатӣ