Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
намедонам аз чӣ бошад, ӯ ба МНА-35 рафтааст. Аз он ҷо ба ман занг зада омирона талаб кард, ки ба автобаза ҳозир шавам.
Ҳайратам афзуд. Охир ӯ аз рӯи аризаи шикоятии ман омадааст.
Пас чаро ман бояд ба автобаза равам?
Исрор кардам, ки намеравам. Чунки ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар дафтари кориам қарор дошт. Аз ӯ тақозо кардам, ки аввал бояд бо ҳуҷҷатҳо ошноӣ пайдо кунад. Дар он сурат бигзор ҳамаи моро сарҷамъ созаду мӯйро аз хамир ҷудо намояд.
Зоҳиран Д.Машарипов аз ин дархости ман асабӣ шуд, ки дар посух хеле оташинона сухан гуфт. Пас аз чанд дақиқа Машарипов ҳамроҳи ҳуқуқшиноси МНА-35 Ҷ.Самадов ба дафтари кориам ҳозир шуд. Соат 17:15 буд.
Пас аз чанд лаҳза сардори шӯъбаи хадамот ва назорати нақлиёти ноҳияи Исфара Ҷ.Гулов низ нохост даромада омад.
Аз саломи сарду пичинги Машарипов пай бурдам, ки мақсади нопок дораду ба дасисаҳои ҳарифонам дода шудааст.
Хеле сарду тунд муомила кард. Ҳуҷҷатҳои лозимаро ба ӯ хостам пешкаш кунам, аммо ба ҷои он ки ӯ ҳуҷҷатҳоро аз ман гирад, якбора мисли даррандае ба хашм омаду фарёд кашид.
Муште ба рӯи миз зад, ки дилам аз ростӣ андак ваҳм кашид.
-Стидно должно бить, хватит писать, дар корхонат ревизия мегузаронам, аудитор ҷеғ мезанам, аз дасти ман ҳама кор меояд,-якбора бидуни муқаддима ӯ ҳарфҳои подарҳаво гуфт, ки хеле хашмам боло гирифт.
Ҳарчанд хостам ӯро ором кунам, аммо ӯ аз асп фарояд ҳам аз рикоби он поён намеомад. Аз ин амалаш Гулов низ дар ҳайрат шуд.
-Агар тафтиш кардан хоҳӣ, аввал ҳуҷҷатҳоро бубин охир, бо далелу исбот гуноҳамро ёб, ана бигзор аз дастат ҳар чӣ ояд кун,-ман низ дар посух паст наомадам.
Ӯ боз як-ду ҳарфҳои ноҷову нолоиқ зад. Таҳдид кард. Пай
бурдам, ки ӯ худро дар ҳузури ҳуқуқшиноси МНА-35 нишон
доданӣ аст. Зеро дидам, ки бо ҳарифонам забон як кардааст,
бармеояд, ки ҳеҷ некӣ ва ҳақиқате аз ӯ барнамеояд. Бар замми

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо