Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
фаъолияти автобусҳои хатсайри Чоркӯҳ, Ворӯх, Чилгазӣ, Устомулло-Беморхона-Роҳат ва ғайраҳои зиёдро қатъ карда буданд. Ин дам гӯё фаъолияти ҷамъияти мо ба гардиши автобусҳо халал расонида бошад ё худ мавқеашонро танг карда бошад, зиёда аз сад нафар кормандони ҷамъияти "МНА-35" ва "Танзим" корпартой эълон кардаанд. Маълум аст, ки онҳо бо қонун коре надоранд, ғаразашон алорағми ман буду бас.
Наход панҷ-даҳ ронандаи ҷамъияти мо нони ронандаҳои ҳарифонамро аз даҳонашон кашида гиранд?
...Баъди пароканда шудани корпартой ва рӯзҳову моҳҳои дигар низ рақобати носолим ҳукмронӣ мекарду ҳеҷ не ки рақобати созанда рӯи кор ояд. Бо тамоми масъулият иброз медорам, ки ман ҳамеша ва то ҳамин рӯз ҷонибдори рақобати солим ва ҳатто ҳамкории судманди тарафайн ҳастаму будам. Бовар кунед, бисёр орзу мекардаму ҳанӯз тамано дорам, ки ҳамеша ҳамкорӣ кунаму барои пешрафти на танҳо коргоҳи худам, балки рақибонам низ муосидат намоям. Ман ба тамоми орзуям расидам, аммо мутаассифона ба як орзуям расида натавонистам. Ин ҳам бошад иттиҳоду иттифоқ кор кардани муассисаҳои нақлиёти шаҳри Исфара. Биноан, медонам, ки ман ҳеҷ гоҳ ба ин орзуям намемерасам. То замоне, ки рақибонам дарки маънии рақобати солимро намефаҳманд, ҳеҷ гоҳ ин амали созанда рӯи кор намеояд. Вовайлато! Надомато!
...Агар хонандаи азиз таваҷҷӯҳ карда бошед, дар боло ваъда додем, ки аз чеҳраи корманди раёсати Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд Д.Машарипов нақле рӯи қоғаз меорем. Инак фурсати он даррасид.
Дар асоси супориши прокурори вилояти Суғд, ки дар асоси аризаи шикоятии мо аз раёсати Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд Д.Машарипов барои ҳаматарафа омӯхтани вазъи коргоҳҳои нақлиётии шаҳри Исфара санаи 28 январи соли 2005 ташриф овард.
Ӯ мебоист тибқи аризаам ба коргоҳи мо меомад. Аммо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо