Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

тасаллият гуфтему андак фурсат нагузашта буд, ки ба мо хабар омад, ки автобазаи Шокиров корпартоӣ кардаасту ба ин муносибати онҳо мо роҳбарони ҶДММ "Наҷот" сабабгор будаем. Гӯё бо ин сабаб мо ба самти Хуҷанд гурехта бошем. Худоё, чӣ тӯҳматҳои наву дасисаҳои ранг ба ранге ба сари мо омад. Бо вазъи парешон зуд ба Исфара баргаштем. Бо баробари ба шаҳр дохил шудан, аввал ба идораи шуъбаи кумитаи амният назди сардор Ҳ. Қосимов даромадам. Муносибат ва сӯҳбати Қосимов оромона ва бегубор буд. Ҳис кардам, ки ғубор аз ман надошт. Баръакс гуфт, ки роҳбарони автобаза беақл будаанд, корпартоиашон мазмун надорад. Ҳамзамон аз оҳанги гуфтораш пай бурдам, ки аз Шокиров ва муовини раиси шаҳр Бобоев норизо аст. Пас аз вохӯрӣ бо сардори шуъбаи амният ба саристгоҳ рафта, аз рафти кори ронандагонамон пурсон гаштем. Ҳама ҷо ором буд, утоқи кориамон омадем. Аз маълумоти сардори дастаи Исфара-Хуҷанди ҷамъиятамон Муҳаммадрофӣ маълумамон гашт, ки ташаббускори ин корпартоӣ худи Ф. Шокиров ва К. Сайфиддинов будааст.

Аз сӯҳбати Муҳаммадрофӣ маълум шуд, ки соати 6-и субҳ Шокиров дар секӯчаи маҳаллаи Баҳор бо нақлиёти сабукраваш нишаста, ронандагони "Газел"-ро ба маҷлис — ба автобаза равед, гӯён эълон кардааст. Аз сабаби торик будани ҳаво 4 нафар ронандаҳои ҶДММ "Наҷот"-ро нашинохта, онҳоро ҳам ба автобаза ба "маҷлис" равона кардааст. Вақте ки ронандаҳои мо мераванд, дохили автобаза, ҷамъи ронандагон зиёда аз 100 нафар ҷамъ шуда истодаанду дар минбари сухан К. Сайфиддинов, бригадир Абдувалӣ, коргари автобаза Абдураззоқ ва дигарон ба муқобили ҶДММ "Наҷот" суханҳои баду тӯҳматҳои нав ба нав зада истодаанд. Аз сӯҳбаташон маълум, ки гӯё несткунандаи автобусҳо роҳбарияти "Наҷот" аст ва ҳоказо. Хушбахтона бо даҳолати сардори шуъбаи амнияти шаҳри Исфара Ҳ. Қосимов ин нооромӣ бартараф гашт.

Ману шавҳарам аз ин пешомад дар тааҷҷуб афтодем. Зеро пеш аз фаъолияти ҶДММ "Наҷот" худи роҳбарони автобаза

пешина
аз 385
навбатӣ