Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

гузоштаанд. Ёбеду гиред. Охир мардум баъд аз соати 6-7 ниёз ба равуо доранд. Бар замми ин нисбат аз тарафи Хуҷанд ба Исфара, баръакс аз самти Исфара ба Хуҷанд халқи Исфара бештар мӯҳтоҷанд. Чунки Хуҷанд ба ҷуз аз маркази вилоят буданаш, дорои бозору донишгоҳҳову идораҳои дахлдор, беморхонаву ҳабсхона ва ғайраҳо муассисаҳо дорад, ки ҳамарӯза мардуми атрофи вилоят ба Хуҷанд равуо мекунанд. Маҷбур шудам нисбат ба ин беадолатӣ ба вазорат муроҷиат намоям. Ахиран ин ғавғои чор-панҷ рӯзаи шадид бо даҳолати сардори инспекцияи нақлиёти ҷумҳурӣ Исо Асоев ва вазорат ҳалли худро ёфт.

Аз як мушкилие баромада мехоҳам нафаси осуда бикашам. Аммо мушкилии дигар пешорӯям меомад, ки дубора маро шикастанафасу дилбазан месохт. "Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре" гуфтани шоире ёдам омад, ки воқеан рӯзе набуд, ки зарбаи рӯҳие ба сарам наояд. Ба ҳамааш шукр мегуфтаму аз Парвардигор талаб мекардам, ки сабр бароям ато кунад.

Бо вуҷуди чунин дору надор аз ҷониби Шокиров дасисаҳои нав ба нав барои мо ҳар рӯзу ҳар соат "армугон" меомад. Агар аз як роҳ шикаст хӯранд, роҳи дигари мубориза пеш мегирифтанд, то бо ҳар роҳе набуда айши мо талх шавад. Ин аст, ки тобистону тирамоҳи соли 2004 танҳо бо кашмакашиву моҷаро паси сар шуд. Ин қадар хаста шудам, ки намедонам, агар торҳои канда шудаи асабамро ба пизишке нишон диҳам, дар ҳайрат шуда барои дармони асаби як зан-модари муштипар оҷизӣ мекашад. Ман бисёр хулоса кардам, ки ҷинси зан бо он ки хеле заифу нотавон аст, Худованд барои зан сабру таҳаммулро бештар дода будааст. Зеро агар ин гуна зарбаҳои рӯҳӣ ба сари ягон мард ояд, бовар дорам, пеши ин мушкилӣ носабур мемонад.

Субҳи 9 январи соли 2005. Ҳаво хеле сарду шамоли сахту сарди нофорам рӯи касро шуввос занон мелесид. Соати 4-и субҳ ба сардии ҳаво нигоҳ накарда ману шавҳарам ба Хуҷанд ба таъзияи яке аз дӯстонамон, ки бар асари садама фарзанди 22-солашро аз даст дода буд, рафтем. Ба аҳли хонавода арзи

пешина
аз 385
навбатӣ