Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Аммо ман бехабар, ки ӯ баъди панҷ дақиқаи дигар аз дори фано ба дори бақо раҳти сафар мебандад. Модарҷон, дилам ҳанӯз ин соати охирини бо ту буданро фаромӯш карда наметавонад. Модарам ба орзуяш расида буд. Бо таҳорат ва сари зикру ба қавли худаш вазифааш маргро пешвоз гирифт. Он рӯз низ баъди марги модар ҳаво ба гиря пардохт. То замоне, ки майитро ба қабр гузоштанд борон беист борид. Баъди ба хок супоридан борон низ таваққуф кард.
Айнан дар чорумин солгарди марги модарам, ки ҳамзамон рӯзи милодам аст, ман бояд пайвандону хешонро ба хона даъват намоям. Зиёфате орояму ба рӯҳи модар хатми Қуръон бубахшам. Аммо ба ҷои он ман Хуҷанд рафтам, то бедодгариҳои ба сарам омадаро ба масъулин арз дорам. Азбаски даҳаи аввали моҳи Рамазон буд, ман он субҳ рӯза гирифтам. Ба инспекцияи нақлиёти вилоят рафтам. Бетамизиҳои рӯзҳои охирро ба Абдурашид Усмонов қисман нақл кардам. Эҳсос кардам, ки аҳволам бад аст. Ба ҳуҷраи сармуҳосиб гузаштам. То рафт аҳволам бад шудан гирифту мушоҳида кардам, ки онҳо ба ёрии тиббӣ занг заданд. Баъд аз чанд фурсат ба худ омадам, ки дар беморхонаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор дорам. Пизишкони зиёд дар болои сарам буданд. Намедонистам, ки чаро ин ҷо афтодаам. Ҳол аз онҳо пурсидам, ки чӣ бо ман шудааст? Баъдан фаҳмидам, ки дар инспекция ман аз ҳуш рафтаам. Иллати бемориям баланд шудани фишори хун ва номуназзам кор кардани дил будааст.
Аз сабаби бисёр табобат гирифтанам, дарк кардам, ки микроинсултро аз сар гузаронидаам. Ин буд хотираи яке аз рӯзҳои зодрӯзам, ки дар ивази нобасомониҳо ва рақобатҳои носолими рақибонам бароям "армуғон" омада буд.
Ҳама бедодгариҳое, ки дар ҳаққи ман раво диданд, магар бас набуд, ки боз ҳилаи наве бароям сохтанд. Бо дастуру раҳнамоии кадом фарде сардори шӯъбаи ҳамлу нақли ИНХ Мурод Қодиров дар вақти тартиб додани ҷадвали ҳаракати хатсайри Исфара-Хуҷанд дар моҳи ноябр соати кории ронандагони ҷамъияти моро аз шаҳри Хуҷанд соати 5-и субҳ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо