Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

...Чор сол қабл ман дар ин рӯз ба зиёрати модар рафта будам. Модарро рӯи каташ дидам. Ҳанӯз ҷойнамози эшон нағундошта буд. Дар даст тасбеҳаш гардон буду аз дилу фикраш зикри Худо дур не. Маро диду хурсандона аз ҷой боло шуд.

-Биё духтарҷонам, -гӯён хурсандиашро пинҳон карда натавонист.

Аз масофаи на чандон дур низ оғӯши модар он субҳ аҷаб бӯи биҳишт мекард. Атро дӯст медошт модарам. Ҳанӯз ман масти бӯи биҳиштии модарам ҳастам, ки аз анфосаш низ гӯё бӯи биҳишт меомад. Ҳанӯз чашмонамро нимпӯш мекунам, ноаён тавассути ёду хотираам он чеҳраи нуронӣ меояд. Дилам ба чеҳраи нурониву оғӯши гарми модарам гум мезанад.

Модари бечораву муштипарам. Эҳ, модарҷон, ҳанӯз чеҳраи нурониатро ба ёд орам, ашки талх аз чашмам ҷорӣ мешавад. Медонам, ки ҳама модарашро дӯст медораду мепарастад. Аммо ба фикри ман касе туро, модарҷон, ҳамин гуна сахт дӯст дошта наметавонад.

Аз ҳоли модари биҳиштиям пурсон шудам.

-Бачам, ҳамин вазифаамро карда шиштаам-да, -модарам ҳар рӯза зикрашро, ки ба даргоҳи Рабб-ул-иззат мекард, вазифа меномид.

...Модарҷон ҳамагӣ панҷ дақиқа вақтатро бароям масраф сохтӣ. То аз вазифаат намонӣ. Аммо ин нафаси кӯтоҳ чунон бомеҳру муҳаббат ва ихлоси саршор ҳарф гуфтӣ, ки ҳанӯз ҳар як ҳарфи ту дар лавҳи хотиротам мисли санг нақш бастаасту фаромӯш карда наметавонам...

-Писари Мирзоро дирӯз ба аёдат рафтам, -модарам аз писари ҳамсояаш, ки бемори бистарӣ буду хеле аҳволи вазнин дошт, ба қисса сар кард. -Бечора Илоҳо намурад-дия, ҳанӯз ҷавон, -гуфта, модари раҳматиам афсӯс хӯрда буд.

Аммо гӯё медонист, чашмашро ба як нуқта дӯхт. Ӯ чизеро медонист. Аммо бароям ифшо насохт. Аз нигоҳаш маънии нокушуда ҳувайдо буд, ки натавонистам ташхис бидиҳам чӣ маъние.

пешина
аз 385
навбатӣ