Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо дар ҳайрат шуданд ва ба ҷои посух аз ман суол карданд, ки рақобаташ чист? Аз ростӣ ман аз ин суоли бемавридам шарм доштам. Корманди коргоҳ дид, ки ман ҳиҷолатзада аз пурсишам шудам, посухи пурмаъние дод, ки ҳанӯз аз хотирам намеравад. Ӯ гуфт:
-Рақобат ҳаст ё нест, ин муҳим нест. Ҳол он ки дар байни коргоҳи мо рақобат нест. Муҳим он аст, ки буҷаи кишвари Эрон аз фаъолияти ду коргоҳ ғанитар мегардад.

Ин беҳтарин дарс бароим буд. Онҳо манфиати давлату миллатро аз манфиати худ болотар медонанд. Ман ин чизро дар зиёратгоҳҳо ҳангоми дуо борҳо талаб кардам, ки дар кишвари мо низ чунин ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафтро Худованд ато фармояд.

Бо кӯлвори зиёду бардошту баҳрабардории азим ба Ватан баргаштам. Ба дил ҳазор бор орзу кардам, ки чунин рақобати солим дар ҳар нуқоти коргоҳи Тоҷикистон рӯи кор ояду кишвари аз оғуши ҷангу хунрезӣ раҳидаи ман ба оғӯши сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмии комил орому қарор бигирад.

Аммо ба ватан баргаштаму ба қавле армуғонҳои нав маро дар ҷодаи рақобати носолими рақибон мунтазир буд...

...Бо он ки медонистам дасисаҳои нав ба нав маро истиқбол мегирад, паноҳ ба Худо бурдаму ояндаи корро интизор шудам.

22 октябри соли 2004. Чорумин солгарди марги модари биҳиштиам аст. Ин рӯз дар умри ман ду нақши муҳим дорад, ки ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам зудуда намешавад. Аввал ин ки ин рӯз зодрӯзи ман аст, ки аз кӯдакӣ рӯзи зодрӯзамро медонаму фаромӯш намекунам. Дуввум, дар ин рӯз модари фариштасимоямро аз даст додаам. Рӯзи марги модарам-рӯзи аз даст додани биҳишти нақдинаам аст. Модарам доимо орзу мекарданд, ки дар рӯзи маргашон ботаҳорат бошанду сари ҷойнамоз дар зикр маргро истиқбол гиранд.

Намедонам ин рӯзро рӯзи хушбахтӣ номам ва ё сияҳрӯзӣ. Бо вуҷуди ин ба қазовати Худованд шукрона мегӯяму ҳама рӯзро рӯзи саодат меномам. Агар ба ин қазоват Парвардигор хурсанд бошад, ман чаро ғамгин бошам?

пешина
аз 385
навбатӣ