Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

беҳбудии мадании он мусоидат кардаанд. Бинобар ин зарур донистем, ки бевосита ба худи Шумо муроҷиат намоем.

Ҳамчунон, ки худи Шумо медонед, дар "Қонуни РСС Тоҷикистон" дар моддаи 27-ум чунин навишта шудааст: "РСС Тоҷикистон барои омӯзиши хатти арабиасоси тоҷикӣ ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароити мусоид фароҳам меоварад".

Аз ин суханони Қонун чунин бармеояд, ки ҳамаи мо барои иҷрои ин кор бояд саҳм гузорем ва агар ба умеди каси дигаре шавем, ки ба ҷои мо онро амалӣ мекунад, ба мақсад расидана-мон гумон аст.

Донистани ин алифбо на фақат аз бар кардани хат мебошаду бас, балки омӯхтани маданият ва маърифати ҳазорсолаи халқамон буда, фақат барои камолоти маънавии инсон хизмат мекунад.

Аз ин рӯ бовар дорем, ки Шумо дар ин кори ниҳоят муҳим-ташкили омӯзонидани хатти арабиасоси тоҷикӣ ба рафиқа М.Исомаддинова, ки ба момониятҳои нобарҷо дучор шудааст, мадад мерасонед.

Бо камоли эҳтиром Аскар ҲАКИМ,
Ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" №34,
аз 24 августи соли 1989".

Аз ҳама нуктаи муҳими ин қисса ва сангиниҳои дар сарнавишти ояндаам ба вуқӯъ пайваста маҳз ҳамин муроҷиатномаи устод Аскар Ҳаким будааст, ки сонитар мушоҳида кардам. Зеро, таваҷҷӯҳ кардани ҳафтаномаи бонуфузи кишвар ба ибтикори ман, аз нигоҳи ҳукуматдорони он вақт маънии онро дошт, ки шояд дар оянда бо ин роҳ тамаъҷӯӣ карда, то курсии роҳбарияти шаҳр нишинам. Ин буд, ки ман рӯямро дар ҳузури Гулафзо Савриддинова бо ду панҷаам сиёҳ кардам. Ӯ шояд дар чеҳраи ман раиси ояндаи шаҳрро медид, ки ин гуна ибтикору пешқадамӣ ба ӯ ҳеҷ намефорид. Аммо Худованд шоҳид, ки ман холисан лиллоҳ ба ин кор даст задам. Бо он ки раёсати шаҳрдорӣ баъди чопи муроҷиатномаи Аскар Ҳаким бо ман

пешина
аз 385
навбатӣ