Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

гургоштӣ карда хатти иҷозат дод, ҳамоно маро рақиби хештан шумориданду бо ҳамин қадами ман то ба остонаи ҳукумати шаҳр муайян гардид. Агар рӯшантар гӯям, онҳо дар симои ман оппозитсияи аввалини хешро диданд. Баъди он пайхас кардам, ки Гулафзо Савридинова муносибаташро бо ман дар фосилагузорӣ анҷом доду шурӯъ аз ин таърихчаи умрам ӯ ба ман чеҳраи кушодашро нишон надод. Дар ҳар афту хези минбаъдаи сарнавиштам маҳз ин занро ман сабабгор медонам, ки бо ҳар роҳу восита монеи пешрафт ва нумӯи ман шуд.
Ман ба ягонагии Худованд савганд мехӯрам, ки дар дили ман ҳеҷ иззату ҷоҳталабӣ ва орзуи курсие набуд. Илло хостам, ки бо ин амалам халқи азизам манфиат бараду андак савобе барои худ ҳосил намоям, ва ҳеҷ худнамоӣ ва бузургманишӣ накардаам. Зеро он вақт танҳо орзуи ман ин буд, ки ҳар пиру барно аз ганҷинаҳои ҳикмати ҳазорсолаи худ баҳравар бошанду худро ву Худоро бишносанд. Дигар ҳеҷ. Бар замми ин газетаҳои ҷумҳуриявӣ аксҳои маро туфайли ибтикорам пайҳам чоп кардаву аз дарси ҳуруфи форсии ман навиштанд, ки ин ҳам як навъ пешрафт ва ҳамзамон боиси халалҳои пинҳонии ояндаи ҳукуматдорони вақт будааст, ки ман хеле дертар дарк кардам.
Аммо маро каҷ фаҳмиданд. Ҳаволашон ба Худо. Ман тасдиқи ин гуфторро дар поёнтари ин қиссаи воқеии умрам дар бахшҳои дигар дар сӯҳбати рӯбарӯи Гулафзо Савриддинова бо мани азиятдида хоҳам овард.

Бо он ҳама азми ман ҷиддӣ буду ба кори тадриси хатти форсӣ шурӯъ кардам. Доираи ҳаводорому мухлисон рӯзафзун бештар мешуду сафи шогирдон низ зиёд мегардид. Ногуфта намонад, ки маблағи ҷамъшударо пурра ба ободии мақбараи Сайфи Исфарангӣ пардохт намудам.

Аз тадриси хатти форсиям, ки сарвари завод Каттаев огоҳ буданд, маро ҳамчун як фарди фарҳангӣ эҳтиром мекарданд.
Ва муносибати мо бештар аз роҳи фарҳанг буд.

Боре, барои гирифтани маҳсулоти лозима боз ба завод
омадем. Ҳангоми имзои ҳуҷҷатҳо ҳатман бояд аз ҳузури
сарвари завод Каттаев мегузаштем. Имзои он кас низ дар

пешина
аз 385
навбатӣ