Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

рӯйхати ман мавҷуданд, ҳоло дар ҳеҷ куҷо таҳсил намекунанд. Кумитаи иҷроия ва кумитаи партиявии шаҳр онҳоро ранҷонд. Бояд гӯям, ки халқи бечора дар назди роҳбарон хор аст.

Муҳаррири мӯҳтарам, аз шумо илтимос мекунам, ки барои кушодани курсҳои омӯзиши ҳуруфи классикӣ кӯмак расонед. Агар хоҳишмандон дар хонаҳои худ ба таври пинҳонӣ нею дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз рӯи барномаи махсус дарс гузаранд, хеле хуб аст. Зеро дар барномаи дарс ҳикояю нақлҳои пандомез, суханони бузургонамон ҳастанд, ки танҳо барои инсони комил шудан ташвиқ мекунанд.

Муноҷот Исомаддинова, шаҳри Исфара. Ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" №34, аз 24 августи соли 1989.

Дар ҳоле, ки ин мақолаи ман ба табъ расид, дар сатҳи ҳукумати шаҳри Исфара ҳангомаи пуршӯре бархост. Ман бехабар аз он ки ин ҳақиқатгӯиям боиси ранҷиши роҳбарони ҳизби коммунисти он вақтӣ ва ҳукумати шаҳр мегардад. Бояд гӯям, ки маҳз интишори шудани ин мақола дар ҳафтаномаи пурнуфузтарини кишвар сарнавишти маро муайян кард. Яъне, чеҳраи ман дар ҳузури ҳукуматдорони он давр ҳамчун "душмани ҳукуматдорон" бармало шуд. Аз ростӣ, қаблан намедонистам, ки то ба ин ҳад аз девор сояи маро метарошанд. Зеро дар поёнтари ин навиштаам, муроҷиати сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" Аскар Ҳаким ба унвони роҳбари шаҳри вақт Гулафзо Савриддинова омада буд. Хонандаи азиз, таваҷҷӯҳ кунед:

Ба котиби якуми кумитаи партиявии шаҳри Исфара Гулафзо Савриддинова

Мӯҳтарам Гулафзо Савриддинова!

Мо шуморо ҳамчун яке аз роҳбарони партиявие мешиносем, ки барои ривоҷу равнақи маданият дилсӯзӣ мекунанд. Зеро дар Исфара як силсила корҳое ба ҷо оварда шудаанд, ки барои

пешина
аз 385
навбатӣ