Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
соҳибкории ман аст. Зеро дар ин рӯз аввалин рӯзи фаъолияти хатсайрҳои ҷамъияти «Наҷот» буд. Аз ҳисоби изофакунӣ шаш реҷаи корӣ аз хатсайри Исфара-Чилгазӣ ва рақами 1-Қисми ҳарбӣ-Навобод микроавтобусҳои ҷамъияти ман ба кор шурӯъ карданд. Аз 20 нафар ронандаам 12 нафарашонро ба кор таъмин намудем.
Мақсади асосиамон ба хатсайри Исфара-Хуҷанд хизмат расонидан буд, вале боз бо сад найранг ин масъаларо мавқуф гузоштанд. Бинобар ин дандон ба дандон мондаму оромиро пеш гирифтам. Ҳарчанд, ки хатсайри Исфара-Хуҷанд ормони ман буд, рақибон ин пешравиро дидан нахостанд. Беҳтар ин ки ин хатсайри ба қавле равғанинро онҳо аз даст додан нахостанд.
Ба ин ҳам шукри Худо кардам, ки кор шурӯъ шуд. Муҳимтар аз ин чиз бароям чизи дигаре набуд. Бо вуҷуди он ки як рӯза даромади корхонаамон ҳамагӣ 8 сомониву 20 дирамро ташкил медод, бо ин қадар даромади ночиз панҷ нафар коргари инженер-техникӣ доштем. Маблағи якмоҳаи даромади корхонаам ҳамагӣ 240 сомониро дар бар мегирифт. Намедонистам, ки музди меҳнати панҷ нафар коргарони инженер-техникиро диҳам ё андози давлат супорам ё ичорапулӣ диҳам. Гарчанде супориши раиси вилоят буд, ки хатсайри Исфара-Хуҷандро ҳини тақсим ба реҷаи ҷамъияти мо ҷудо созанд. Вобаста ба ин масъала раиси вилоят сардори шӯъбаи иттилоотии ҳукумати вилоят Нарзулло Додобоевро ӯҳдадор карда буд, ки ин тақсимот бояд мунсифона ба роҳ монда шавад. Инчунин ронандаҳоямон низ соҳибтаҷрибаю нақлиёташон нав буд, аз чӣ сабаб бошад, ки роҳбари Идораи нақлиёти Хуҷанд ба хатсайри Исфара-Хуҷанд ҷой надод. Маҳз ин ду омил: ҷонибдории раиси вилоят ва хеле барҳавову тозаву нав будани микроавтобусҳоямон буд, ки боиси ҳасодати рақибонам шуд. Онҳо пиндоштанд, ки бо ҷудо кардани хатсайри Исфара-Хуҷанд нони мехӯрдаашон гӯё аз дасташон меравад. Ин буд тарси дараҷаи аввалини эшон. Маҳз ин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо