Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
нуқта буд, ки бо ҳар роҳу восита забон як карда алайҳи ман сангар мегирифтанд.
Аммо ҳанӯз ормоне, ки пешам гузошта будам, яъне кушодани хатсайри Исфара-Хуҷанд маро осуда намегузошт. Зеро то ба ҳанӯз орзуи ба мардум хизматгузории шоистаро пешкаш кардан дар сари ман чарх мезаду диламро ором намегузошт. Чун ибтикори аввали ман ин хатсайр буду ҳанӯз ягон микравтобуси тамғаи «Ғизол» кор намекард, айнан ин нукта буд. Аммо хилофи интизордориҳои ман ҳангоми тақсими реҷаҳо Чилгазӣ-Исфараву Қисми ҳарбӣ-Навобод ба коргоҳи ман насиб кард. Дар ин миён даҳҳо маротиба ба муовини раиси вилоят Қодиров, сардори шӯъбаи иттилоот Нарзулло Дадобоев, Қ. Усмонов ва дигар мақомоти масъул муроҷиат кардам, ки супориши раиси вилоят дар ин зимн ба инобат гирифта шавад. Аммо ҳамоно гӯё масъулин Эгамбердиеву Усмонов ва МНА-35 гӯши худро ба карӣ мезаданд.
1 сентябр, рӯзи дониш. Бо даъвати Эгамбердиев ба Хуҷанд раҳ гирифтам. Пеш аз ин медонистам, ки соати 9:00-и ҳамин рӯз дар утоқи кории сардори ИНХ оиди хатсайри Исфара-Хуҷанд комиссияи махсус барои тақсими хатсайрҳо ташкил карда шудааст. Аз ин рӯ бо хурсандии том ба ИНХ омадам, зеро супориши раиси вилоят Қосим Қосимов дар бораи ҷудо намудани реҷаи кории хатсайри Исфара-Хуҷанд ба ҶДММ «Наҷот» ба таври бояду шояд масъулин дарк карда буданд. Нишоти ман низ аз ин даъват ҳамин буд.
Аммо вақте вориди долони ошёнаи дуюми идора шудам, камаш 40 нафар мардон аз ду ҷониб саф кашида истода буданд. Аксари онҳоро шинохтам, се-чор нафар ҳамшаҳриҳои худам — ронандагони МНА-35 ва ронандагони МНА-31-и н. Б. Ғафуров буданд. Чун фарзи худовандӣ салом додам. Аммо ягон нафар радди салом надод. Ҳаминро эҳсос кардам, ки нигоҳашон ғазаболуд ва хусуматдор буд. Дилам ваҳм кашид.
Аз байни онҳо бо тарсу ҳиҷолат ба қабулгоҳи сардор ворид гашта, аз котиба қабули раисро хостам.
Котиба, ки Ҳоҳирахон ном доштааст, аз назди раис хандон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо