Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ахиран рӯзи 12 май нусхаи мактуби вазоратро ба Эгамбердиев ва Усмонов овардам. Гумон кардам, ки пас аз ин мактуб ин роҳбарони нақлиёти вилоят ба ман кӯмак мекунанд. Аммо бо вуҷуди ин таги дилам ҳичил буд. Ҳиҷилии дилам беасос набудааст. Зеро ҳангоми гирифтани мактуби вазорат чун Шокиров инҳо ҳам бе парво сардакақ бо ман муносибат карданд. Аз ҳарфҳои сардашон боз дилам сардтар шуд, ки мактуби вазоратро нодида гирифтанд ва дар ҷавоби супоришии вазорат ба ман ҷавоби аниқро ҳам лоиқ надонистанд. Боз ноумед таи чор соат ба манзилам расидам.
Рӯзҳову ҳафтаҳо паси сар мешуданду мушкилии ман паси сар намешуд. Чанд бори дигар тавассути барқияву телефон вазъияти ба амал омадаро ба муовини аввали вазир фаҳмонидам. А.Ашӯров низ бо шунидани ҳолати пешомада, аз он ки ҳарфи он касро дар сатҳи вилояту ноҳия касе ба эътибор нагирифтааст, хеле шӯриданд. Ваъда карданд, ки ин масъала ҳалли худро меёбад.
17 июни соли 2003. Охир-ул-амр бо пофишорӣ ва даҳолати вазорати нақлиёт Эгамбердиев ноилоҷ монд. Ӯро ба ҷуз аз паи супориши вазорат шудан дигар чорае боқӣ намонд. Моро ба ҳузураш пазируфту маслиҳат дод, ки аз шаҳр дуртар ҷое ёбем, ки ҷавобгӯи база бошад. Дар он сурат кӯмак мекунад.
Ман-зани содда бо маслиҳати "дӯстона"-и ӯ 8 километр дур аз шаҳр, аз идораи ЭСУ-6 базаашро иҷора гирифтам, ки сангинтарин шикасти иқтисодӣ ва рӯҳии мо ва ронандагонам дар ин ҷо буд. Ҳуҷраҳои кориаш вайрона ва хеле фарсуда буд, ки таъмири ҷиддии капиталиро талаб мекард. Барои таъмири ин базаи нав камаш ба 5000 доллари ИМА бояд масраф мешуд. Бо вуҷуди ин бо таври ҳашар базаи "нав"- амонро таъмир кардем. Агар дар вақташ Эгамбердиев ва Усмонов мактуби вазоратро ба эътибор гирифта, ба Шокиров супориш медоданд, ки муваққатан бо мо ҳамкорӣ кунад, шояд ин қадар ба танг намеомадем. Бо вуҷуди ин сарсонӣ ман хурсанду ризо будам, ки ахиран ҳадафҳои ман пиёда мегардад.
1 августи соли 2003. Ин рӯзи фаромӯшнопазири ҳаёти

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо