Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

кунед, - ангуштонашонро ба сӯям бо ишораи эҳтиёт бардоштанд.

Ин дам умедам дубора ба дилам баргашту дар вуҷудам хушнудиро ҳис кардам.

Санаи 11 май. Бо дили пур мактуби ба номи Ф. Шокиров навиштаву ба имзо расидаи муовини аввали вазири Вазорати нақлиёт Абдураҳим Ашӯровро гирифта, ба сӯи дафтари кории Шокиров шитофтам. Мактуб таҳти №2(9.1)-524 аз 02.05.2003 ба қайд гирифта шудааст, ки дар он Шокиров вазифадор карда шуда буд, ки дар ин ҷода бо ман ҳамкорӣ намояд ва барои рушди минбаъдаи ҷамъияти ман мусоидат намояд. Дар дил умед доштам, ки инак пас аз гирифтани мактуби муовини вазир Шокиров ахиран сар ҳам мекунаду бо ман ҳамкорӣ менамояд. Аммо он чӣ ки ман мунтазир будам, вожгуна ба пешониям зад.

Шокиров вақте мактубро гирифту хонд, бо писханд:

  • Агар ман хоҳам садто ин хел мактубҳоро ташкил мекунам, аммо намехоҳам, - аз оҳанги гуфтораш умуман беэътиноӣ зоҳир мешуду маълумам шуд, ки ин дам низ ба пеши қонун сар фаровардан намехоҳад. - Чанд бор гӯям ба шумо, гапа намефаҳмед-мӣ, литсензиятон нест. Аввал литсензия гиред, баъд мебинем, - матлабашро бо ин баҳона ба хотима расонид Шокиров.

Рӯзи дигар ба шавҳарам низ чунин ҷавобро додааст. Бо шавҳарам ғарқи як андеша шудем, ки Шокиров бо ҶДММ "Танзим" хилофи қонунгузорӣ бидуни литсензия кор карда истодаасту-ку. Пас чаро бо мо намехоҳад кор кунад? Мактуби вазоратро написандид. Чӣ асрор бошад? Ҳол он ки тибқи қонун ва супориши вазорати нақлиёт ӯ бояд бо ман шартнома бандад ва аз рӯи ин санадҳову мактуби вазорат мақомоти инспексияи нақлиётии шӯъбаи ноҳиявӣ дар он сурат ба ман литсензия медиҳад. Гузашта аз ин ҶДММ "Танзим", ки сарвараш писари худи Шокиров аст, бидуни шартномаву литсензия озодона фаъолият мебарад.

Ин суолҳо моро хеле мағшуш нигоҳ дошт. Ба ҳеҷ яке ин саволҳо посухи мушаххас ёфта натавонистем.

пешина
аз 385
навбатӣ