Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд А. Абдуаҳатов ба Эгамбердиев бо ирсоли номае таҳти №5-1776 аз 22.08.03 иброз доштааст, ки гӯё фаъолияти микроавтобусҳо ба самти Хуҷанд-Исфара зарурат надорад. Ҳол он ки саристгоҳ (автостансия)-и “Хуҷанд” дар мувозинати ноҳияи Б. Ғафуров аст, ки ҳукумати шаҳри Хуҷанд салоҳияти диду боздидро надорад. Ҳол он ки Олимҷон Чалолов раиси вақти шаҳри Хуҷанд ин нозукиро ба назар гирифта, на ба муовинаш, балки ба раиси ноҳияи Б. Ғафуров бояд муроҷиат мекард. Гузашта аз ин, барои ҳалли ин масъала раиси вилоят Қ. Қосимов санаи 06.03.2003 Чалоловро вазифадор карда буд. Аммо тавре худ шоҳид шудед, аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд баъди панҷ моҳ яъне санаи 22.08.2003 посух омад. Маҳз чунин холабегамии А. Абдуаҳатов буд, ки ба масъулини ИНХ дастак ва баҳонаи беҳтарин гардид. Аз ин рӯ, ташрифҳои ман ба дафтари кории эшон барабас буд. Зеро яке агар дар сафари хизматӣ баҳонаи набуданаш бошад, дигаре ҳатман бемору ҳазору як майдаи дигар.

Дидам, ки кор бо бемасъулиятии Эгамбердиев ва Усмонов ба мақсад намерасад, тасмим гирифтам, ки ба вазорат ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе сафар менамоям. Ҳар чӣ бодо, бод.

28 март, баъди қариб бист рӯзи оворагӣ ба вазорати нақлиёт рафтаму ба ҳузури муовини аввали вазир Абдураҳим Ашуров даромадам. Пас аз шунидани марому мақсадам андаке маро танбеҳ доданд. Ростӣ ки суханонашон насиҳатомез бошад ҳам, сахттар буд, аммо қалбам ранҷ наёфт. Ман ором бо дили пурхун ҳарфҳои А. Ашӯровро гӯш кардаму пиндоштам, ки дар ҳақиқат кори пешгирифтаи ман ғайриимкон аст. Аз ин рӯ дасту диламро аз соҳибкорӣ шустам. Нохост ба миён оромӣ ҳукмфармо шуд. Пас аз чанд дақиқа А. Ашӯров якбора гуфтанд:

-Хуб дастгирӣ мекунем, аммо дар соҳаи нақлиёт шахсиятҳое ҳастанд, ки ба фаъолияти шумо мушкилӣ меоранд. Ба шарте, ки сабр карда тавонед, кор хуб мешавад,- инро гуфтанду андак хомӯшӣ боз ба миён омад ва илова карданд,- майлаш, ман мактуб ба директори МНА-35 медиҳам, то ки шуморо сарпарастӣ карда, ҳамкорӣ кунад. Вале эҳтиёт

пешина
аз 385
навбатӣ