Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
дида лаззати маънавӣ мегирифтам. Соати 10:10 ба назди Эгамбердиев рафтам.
Эгамбердиев бо он ки ташрифи маро дубора дар утоқи кориаш дид, умуман имкон надод, ки бароиш арзи дил кунаму фармудаи Сардори хадамоти нақлиёти ҷумҳурӣ И.Асоверо ба ӯ баён намоям. Аз сӯҳбати сардаш эҳсос кардам, ки дар ақидаи аввалааш устувор истодааст. Хаста аз ҳузураш бархостам, ки аллакай вақти хӯроки нисфирӯзӣ буд.
Баъди нисфирӯзӣ ба назди Қобил Усмонов даромадам, ки шояд ин мард сухани сардорро гирад. Аммо ӯ ҳам хуши сӯҳбат карданро надошт. Маҷбур шудам, аз номи Исо Асоев ва ризояти ӯ дар танзими хатсайрҳо ҳарф рӯи забон овардам. Гумон кардам, ки бо шунидани номи сардор ҷавоби Усмонов андак мулоимтар мебарояд. Аммо...:
- Асоев ба шаҳри худаш хӯҷаинӣ кунад, на ба мо, вилояти мо, - ин буд мухтасар ҷавоби сардори шӯъбаи хизматрасонии ҳукумати вилоят Қ.Усмонов.
Яъне мазмуни ҳарфи ӯ ин аст, ки "Асоев ба вилоят хӯҷаинӣ накунад, балки худи мо хӯҷаинем"? Худкомагӣ аз ин беш набувад, ки Усмонов дар ҳаққи сардори Раёсати инспексияи нақлиёти ҷумҳурӣ чунин мегӯяд.
Пас аз ду рӯзи ин воқеа маҷбур шудам бо кӯмаки муовини аввали раиси вилоят А.Қодиров ба қабули раиси вилоят Қ.Қосимов даромада воқеаҳоро нақл карда, аз мушкилиҳоям дастгирӣ бипурсам. Қосим Қосимов маро бо диққат гӯш карду тасаллӣ дод, ки ҳамаи корам хуб мешавад. Ба Қ.Усмонов дар ҳузури ман телефонӣ супориш дод, ки дар ҳалли мушкилоти ҷамъияти ман ҳар чӣ зудтар расидагӣ намояд.
Бо дили пурнишот аз утоқи кории раиси вилоят баромадаму гумон кардам, ки инак мушкилоти ман роҳи ҳалли худро ёфт. Аммо боз муҳлати 20 рӯз вазъиятам бадтар гашт. Зеро на Қ.Усмонов ва на Эгамбердиев аз паи супоришҳои раиси вилоят шуданд. Бо ҳар баҳона ана имрӯз, ана пагоҳ гуфта баҳона мекофтанду то рафт мехостанд аз моҳияти масъала худро канора бикашанд. Ин буд, ки ба ҷои раиси шаҳри Хуҷанд

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо