Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
дид, боз шердилтар шуду аз асп фарояд ҳам аз узангии он нафаромад.
Бо виқору кибру ғурур ташрифи маро нуқтаи заъфи ман дар пешбурди кор пиндошт. Аз пештара бештар чеҳраашро ғолиби мутлақ намоиш дода, гӯё маро писанд намекарда бошад, ба ҷонибам фақат дуздида-дуздида назарашро медӯхт. Қаблан шавҳарам низ ба ҳузури Шокиров омада буд, ки ин масъаларо матраҳ созад. Аммо аз рӯи гапи шавҳарам Шокиров гапро хоида посухи мушаххасе нагуфтааст. Ин лаҳза низ ӯ боз ҳамон "Аҳмади порина" хоҳиши маро рад карду:
- Беҳуда зӯр назанед, зӯратон намерасад, ин кор ҳеҷ гоҳ намешавад, - ман шахсан ба ин кор розӣ намешавам, - гуфтани Шокиров умедамро қариб буд барбод диҳад. Аммо иродаамро ҷамъ кардаму аз Худованд талабидам, ки нерӯ ато фармояд, то ин мушкилиро паси сар намоям. Ҳоказо сӯҳбатамон напухт, аз ғурури баландаш на балки оби дарё, ҳатто оби баҳр ҳам ях мекард.
Аламам мекард, ки ҷамъияти аз ҷониби ҳукумат қонунӣ таъсис додаи ман наметавонад озодона фаъолият барад. Ҳол он ки ҳуқуқи соҳибкоронро маҳз худи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баланд бардошта буду бар замми ин ҳуқуқи зан дар ҷомеа низ сарвари кишварро ором нагузоштааст, ки борҳо аз бобати мавқеи зан дар ҷомеаи мутамаддин ва хусусан занҳои соҳибкор бо ҳарорат сухан гуфтааст. Маро алам ин буд, ки чаро сохторҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар асл гуфтаҳои аввалчеҳраи кишварро ба инобат намегиранд. Бо ин мазмун ба сардори хадамоти нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исо Асоев тавассути телефон занг зада, шарҳи ҳол намудам. Аз ҷумла аз худкомагиҳои мардони таҳамтани дар муқобили зан меистода баён доштам. Исо Асоев азбаски хеле инсони рамузфаҳм ва дилсӯз аст, ба ман маслиҳат дод, ки ба ҳузури Эгамбердиев равам.
4 март. Бӯи баҳор ба машом расида, майсаҳои наврустаи ду тарафи роҳ ба кас илҳоми тоза мебахшид. Ман ин манзараро аз тирезаи автобус, ки самти Хуҷанд равон буд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо