Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

мардҳои соҳибкасб бисёранд. Зарурият пайдо шавад, худи мо кор мекунем. -бо лаҳҷаи худаш чунон сахту дурушт ба ман ҳарф гуфт, ки қариб буд ба гиря сар кунам.

-Ба шумо ҷавоб, дигар вақти сӯҳбат надорам, -ин ҳарфи охиринашро он қадар зишт гуфт, ки дилам ларзид. Ин маънои онро дошт, ки ман ҳар чӣ зудтар бояд утоқи кории ӯро тарк намоям.

Эҳсос кардам, ки аз муносибати дағалонаи ӯ дар вуҷудам низ ларза пайдо шуд. Ларзаи ман аз тарс не, балки аз нафрат буд. Илоҷе карда худро ба даст гирифтаму гуфтам:

-Ман ин гуна посухро аз шумо умедвор набудам, муаллим. Чунки шумо корманди ҳукуматӣ ҳастед, на як нафар хурофотпарасти фанат. Дар дигар давлатҳои мутараққӣ, ҳатто дар мамолики исломӣ занон ба кайҳон баромада истодаанд. Мо занони тоҷик аз кӣ камбудӣ дорем? -ин гуна эътирози ман ӯро писанд наомад, ки бори дигар бо таҳдид аз кабинеташ "вақтам нест ба шумо ҷавоб"-гӯён ронд.

Ин қадар мардони зиёдро дар сӯҳбати расмиву ғайрирасмӣ дидаам. Аммо то ба ҳанӯз ин гуна таҳқирро нашунидаву шоҳид нашуда будам, ки бароям ин ҳарфҳои подарҳавои бесару нӯг ва манфиатхоҳонаи Усмонов хеле сахт расид. Ашкам рӯямро мешусту гулӯямро чизе мегирифт. Аз дафтари кориаш берун шудам.

Ба хона омадаму кори хона ба дилам нагунҷид. Ҳамин гуна чанд рӯзи дигар дар танҳоӣ хеле андешидам, ки чӣ кор бояд кард, то роҳҳои ноҳамвори пеши корам ҳамвору суфта шавад. Ба сарам ягон тасмими ҷиддӣ намерасид. Шояд аз асабӣ шуданам ва шояд аз муносибати мардоне, ки дар боло рафти сӯҳбаташонро овардам, ин шабу рӯзҳое, ки дар хона будам, худро хеле бад ҳис кардам. Ахиран ба сарам андешае зад, ки агар ҷамъиятамро дар заминаи муассисаи Шокиров ба роҳ андозам, худи Шокиров шояд ба ин корам монеъ нашавад.

Ба ин хотир санаи 18 феврал, нисфирӯзӣ, соатҳои 15-15:25 боз ба назди Шокиров омадам, хоҳиш кардам, ки маро ба ҳамкорӣ бипазирад. Аммо ӯ, ки сар хам карда омадани маро

пешина
аз 385
навбатӣ