Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзи 22.01.03 соати 09:35 ба шаҳри Хуҷанд, ба қабули сардори ИНХ Эгамбердиев даромадам. Хеле бо табъи хира ва авзои гирифта қабулам кард. Аз тасмими худ ба ӯ гуфтам.
Ҳамчунин аз саркашӣ дар ҳамкории Шокиров низ бароиш иттилоъ додам. Ӯ маро бо як тарзе гӯш мекард, ки гӯё маро шунидан намехост. Бо ин ҳама бо қошу қавоқи гирифта то ба охир "ҳм, ҳм"-гӯён маро гӯш карду дар охир:

-Дар соҳаи хизматрасонии нақлиёт мо шахсони таҷрибаашон бойро бисёр дорем. Аз ин сабаб зарурияти хизмат расонидани ҷамъияти шуморо мо надорем, -чунин буд ҷавоби мушаххаси ӯ, ки аз тарзи гуфтораш боз рақобати дигарро дарк кардам.

Пай бурдам, ки ӯ низ дар тасмими ман хушоянд нест. Дилам хиҷил шуд, ки аз гуфтори Шокирову Эгамбердиев шабоҳати якхеларо эҳсос мекунам. Дар посухи ин ду мард як мақсад рӯшан буд: Монеъ шудан ба фаъолияти ҷамъияти "Наҷот".

Чуну мурғи посӯхта худро ба ҳар сӯ задам, то гиреҳи кор кушода шавад. Баъзе аз наздикону шиносҳоям маро ташвиқ карданд, ки ба назди сардори шӯъбаи хизматрасонии ҳукумати вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов равам.

Аз миён панҷ рӯзи дигар дар даву тозу сарсониҳо паси сар шуд. 28 январ расо соати 10:15 ба назди сардори шӯъбаи хизматрасонии ҳукумати вилоят Қобилҷон Усмонов рафтам.
Дар ҳуҷраи корӣ Қ.Усмонов бо муовинаш Ашӯров Т. нишаста буд.

Ба Усмонов низ баъди салому алейк сабаби омаданамро баён доштам. Аз нигоҳаш маълум буд, ки ӯ қаблан аз мақсаду нияти ман аз кадом сарчашмае иттилоъ дорад. Зеро ӯ низ маро лоқайдона гӯш карду аз авзоаш маълум шуд, ки хеле нисбат ба ҳарфҳои ман бепарво аст.

Аммо баръакс ман аз ӯ умедвор будам, ки дар ҳалли қазия кӯмаки бедареғашро мерасонад.

-Ман медонам мақсадатона, бекор худатона сарсон
накунед. Шумо занак, аз паи тарбияи фарзандон бошед. Кӣ
мондас шумоя ба ин корҳо? Шавҳаратон ҳай-мӣ? Дар ин соҳа

пешина
аз 385
навбатӣ