Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

автобусҳо ба самти Исфара-Конибодом, Исфара-Хуҷанд, Исфара-Истаравшан бо фурӯши чиптаҳо фаъолият дошт, ки ба ҷои 45 ҷои нишаст ҳамагӣ 4 ё 6 адад чипта мефурӯхтанду халос. Ба хотири гӯё шумораи мусофиркашони хеле кам асту аз ҳисоби камдаромадии муассисаи давлатӣ зарар мебинад ва нақлиёташро таъмир карда наметавонад, бо ин роҳ директори ин муассиса Шокиров аз давлат ҷуброн мегирифт.

Умуман назорат дар ин солҳо ба қабри фаромӯшӣ дафн гардида буд. Автобусҳо ба ҷои 45 ҷои нишаст 70-80 нафар мусофирро дар муддати дуним-се соат аз Исфара ба саристгоҳи Хуҷанд мерасонданд.

Ин масъалаҳо сабаб шуд, ки хостам ҳиссаи хешро ба ин ҷодаи бесоҳиб гузорам. Аз баҳр қатрае бошад ҳам, барои ободӣ кӯшиш ба харҷ диҳам.

Дар мадди аввал 20 нафар аз мутахассисони соҳаи нақлиёт ва ронандаҳоро ҷамъ карда, ба аъзогии ҷамъиятам қабул кардам.

Корҳои нахуст, ки ба анҷом расид; рӯзи 21 январи соли 2003 барои умеди ҳамкорӣ дар хатсайри Исфара-Хуҷанд ба назди директори Ҷамъияти саҳҳомии МНА-35 Ф.Шокиров рафтем. Пиндоштам, ки ӯ ин ибтикори маро дастгирӣ мекунаду мусоидат менамояд, ки то ҳадди иқтидору имконият ба мардум хизматрасонии бароҳат фароҳам ояд. Аммо ҳайҳот. Ӯ рӯи рост аз ҳамкорӣ даст кашид. Мақсадашро дар ин кори ман низ ошкор накард.

Танҳо дар охир бо ситез гуфт:
-Микроавтобусҳо то 40 километр ҳақ доранд ҳаракат кунанд, зиёда аз 40 километр ҳаракат кардани микроавтобусҳоро касе иҷозат намедиҳад, - аз оҳанги гуфтори Шокиров ман як навъ рақобати носолимро эҳсос намудам.

Аз дафтари кориаш баромадаму рафтам. Бо худ гуфтам, ки агар Шокиров аз ҳамкорӣ даст кашид, маънои он нест, ки ман бояд фаъолиятамро қатъ кунам. Тасмим гирифтам, ки бе кӯмаки онҳо худам ин корро ба роҳ мемонам.

пешина
аз 385
навбатӣ