Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
зиндагиро ба сари мардум меовардааст. Дар ин кор низ ба ман сангиниҳои дигар омад. Бори дигар итминон варзидам, ки зан будан басо мушкилу басо пургиреҳ будааст дар ин дори фано. Зеро дар ин корам низ боз рақиб пайдо шуду садди роҳам гашт...
...Қаблан аз хизматгузории бади автобусҳои мероси шӯравӣ ба директори Муассисаи нақлиёти автомобилии №35 Файзулло Шокиров, аниқ соли 2001-ум шикоят бурда будам ва пешниҳод карда будам, ки теъдоди автобусҳоро ба самти Хуҷанд бештар намояд. Агар имкон бошад мусофиркашонҳои тамғаи "Ғизол"-ро ба роҳ монад.
-Файзуллоҷон, шумо сарвари ин коргоҳ ҳастед, яъне кафили ҷону тани мардум ҳангоми сафар мебошед. Аз ин рӯ, чаро дар самти Исфара-Хуҷанд Газелҳоро ба кор намеандозед, то мардум бемалол ва бароҳатӣ равуо кунанд, -ба Шокиров гуфта будам.
-Ҳоҷиоя, гапи шумо ҳақ. Аммо бояд донед, ки теъдоди автобусҳоямон чӣ қадаре, ки ҳаст, дигар нест. Зеро муассисаи мо ҳанӯз иқтидори харидани автобусҳои навро надорад. Агар Газелро дар назар дошта бошед, ин гуна мусофиркашонҳо ба зиёда аз 40 километр роҳ истифода бурда намешаванд. Газелҳо танҳо барои хизматгузории дохилишаҳрӣ истифода бурдан мумкин халос, -дар посух Шокиров айнан чунин гуфта буд...
Аз хонандаи азиз бо истидҷо хоҳиш дорам, ки ин мубоҳисаи ману Шокиров, ки як сол қабл аз таъсис додани ҷамъиятам аст, ба хотир дошта бошанд. Зеро дар рафти мутолиаи ин ҳиссаи ҷолиб метавонанд баргашт ба ин сӯҳбат кунанд. Чунки на ҳар мард ба гуфтааш содиқ асту на ҳар мард метавонад дар майдон ба рақобати солим тоб оварад.
Директори Ҷамъияти саҳҳомии муассисаи нақлиёти автомобилии №35 ҳанӯз Файзулло Шокиров буд ва ҳаммаслакону пушту паноҳи ӯ масъулин ва роҳбарони соҳаи нақлиёти вилоят ва ҳукумат низ буданд. То замони ба фаъолият шурӯъ кардани ҷамъияти "Наҷот" фаъолияти

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо