Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

хушк шуд. Худоё, падарам, аз куҷо ин рӯзҳои маро пешбинӣ карда буд? Охир ӯ айнан чунин коргоҳе, ки ман мехоҳам кушояму барои 150 ё 200 нафар мардони тоҷик ҷои коре бошад, пешбинӣ карда буд. Ин лаҳза таҳқиқ варзидам, ки падар инсони оддӣ набудааст, балки авлиё будааст, ки Худованд танҳо каромати пешгӯиро ба як идда дӯстонаш, ки ба дараҷаи ҳақ расидаанд, ато мекунад. Падар яке аз дӯстони Худо буд, ҷояш ҷаннату раҳмати Худованд бар ӯ бод.

Бо чунин андешаҳо азм кардам, ки минбаъд маро ҳеҷ машварате ва ё огоҳие наметавонад аз роҳам бигардонад. Ин рӯзҳоро падарам чиҳил сол пештар медид, ки ман намедидам.
Кунун бояд ман ин рӯзҳое, ки падарам пешбинӣ карда буд, бо ризоят ва инояти Худованд бибинам.

Дар дили худ ба хулосае омадам, ки ҳаёти ман сар то по мармуз будааст. Ҳарчанд ба пешгӯиҳо бовар варзидан, ширке беш нест. Аммо гоҳо Худованд ин ламъаи қудраташро дар ҳазорпардаҳои асрори зиндагӣ ба баъзе инсонҳо насиб мегардонидааст. Зеро пешгӯиҳои дугонаи Тошкандиам София, ки сар то по айнан таваққӯъ уфтод маро ба шигифт оварда буд. Инак, лаҳзаи рамзноки каромати падар, ки дар хурдсолиам маро сарвари як коргоҳи 150-200 нафараи нақлиётӣ дида буд, пешорӯям омадааст. Маро шигифту ҳайрат пахш кард, ки чаро сарнавишти ман саропо пур аз асрор будааст. Бешак ин ҷо ҳикмати осмонӣ ва иродаи худованди аст, ба худ чунин хулоса намудам.

Дар намози таҳаҷҷуд ёди падар кардаму ба рӯҳи мубораки эшон аз ояти Қуръон ҳадя сохтам.

Баъди даву тозҳои зиёд ахиран санаи 7 январи соли 2003 ҷамъият таъсис додам. Азбаски исмам Наҷот ҳаст, бо дили соф ва умеди нек номи ҷамъиятамро низ "Наҷот" гузоштам.
Гумон кардам, ки бо шурӯъи фаъолияти соҳибкорӣ ман аз сиёсату мансабу дигар найрангҳо канор меравам. Пиндоштам, ки бо ин корам то охири умрам осуда умр ба сар мебарам, ки ҳеҷ халоҳате пеши роҳам намеояд. Аммо афсӯс. Чархи кабуд ҳамеша гардон асту дар ҳар гардиш печидаҳои нав ба нави

пешина
аз 385
навбатӣ