Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Нахуст, бо ин кор метавонам ҷои корӣ фароҳам созам, ки ронандагон ҳам маош ба даст оранду андак бошад ҳам аз азоби муҳоҷират раста, нон дар Ватан ёбанд.

Баъдан, бо кашонидани мусофирон савоби дигарро низ дарк кардам, ки мардум бо ин роҳ метавонанд аз хизматгузории олӣ ва озод нишастану бемалол рафта омадан бархӯрдор хоҳанд гашт.

Ба Хуҷанд расидам, баъди адои кор бегоҳӣ ба хонаи иҷоравии фарзандони донишҷӯям шитофтам. Чун одат, ки шаб агар дар шаҳри Хуҷанд мемондам, шабро бо фарзандонам рӯз мекардам. Нимашаб дар намози таҳаҷҷуд аз Худованд хостам, то ин гиреҳро бароям кушояд. Дарк кардам, ки ҳотифе аз ғайб ба гӯши дилам мегуфт:

"Ният агар холис бошад, ҳатман дуо дар дили шаб мустаҷоби даргоҳи Бори Илоҳ мешавад!"

Аз Парвардигор дархост кардам, ки ниятамро холис гардонаду ба ин мақсудам бирасонад ва ҳар амале минбаъд дар роҳи савоб анҷом медиҳам, бе риё ба даргоҳаш мақбул созад.

Ин буд, ки сараввал бо машварати дӯстон ба омода сохтани ҳуҷҷатҳо пардохтам. Бо кӯмак ва машварати шавҳарам, ки дар раванди соҳибкорӣ таҷрибавӣ малакаи зиёде дорад, ба нуқтаҳои зарурӣ мактуб ирсол кардаву муроҷиат намудам. Агар баъзеҳо ин ибтикори маро дастгирӣ мекарданд, аммо аксарият, хусусан шавҳарам маро ҳушдор месохтанд, ки ин кори пешгирифтаам гӯё аз корҳое, ки пештар бароям хавфноктари мушкилбортар буд, сангинтар аст. Ростӣ, ман аввалҳо аз ин гуна машваратҳо ба ҳарос афтодам, ки воқеан зан дар ин шабу рӯз чӣ гуна метавонад, ба соҳибкорӣ пардозад, ҳол он ки ҳеҷ кор бе рақобату бе мушкилӣ ба даст намеояд. Андак аз раъям гаштам, аммо шабҳо, ки танҳо сари китобу коғаз сарамро ҳам мекардам, аз сари нав ҷуръати тозае ба дилам раҳ меёфту маро ором намегузошт, ки бояд аз роҳи пеш гирифтаам бозпас нагардам.

Ин лаҳза каромоти падар ба сарам заду мадори дасту поям

пешина
аз 385
навбатӣ