Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Душанбе ба дӯстам Исо Асоев, ки вазифаи сардори Раёсати инспекцияи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошт, оид ба сифати пасти хизматрасонии нақлиётии зодгоҳамро ба таври луқмае ёдрас кардам. Ӯ маро борҳо маслиҳат дода буд, ки бояд ҷамъияте кушоям, ки дар он ронандагону мутахассисони беҳтаринро ҷамъ орам. Ва сифати хуби хизматрасониро ба роҳ монам. Аввалан ин маслиҳатро қабул накарда будам. Пас аз сафари Маскав тасмим гирифтам, ки ин машваратро рӯи кор орам...

Айнан имрӯз, ки рост истода то ба Хуҷанд рафтам, ба сарам андешае зад, ки ба ҷои автобусҳои шалақи арсаи шӯравӣ чаро микроавтобусҳои маркаи "Ғизол"-ро (русҳо ин калимаи зебои тоҷикии моро, ки маънии оҳуро дорад, ба таври хеш "Газел" номидаанд) ба хизматгузории мардум пешниҳод накунем? Магар мардуми мо мисли русҳову дигар шаҳрвандони кишварҳои хориҷа ҳуқуқ надоранд, ки ба микроавтобусҳои барҳавову оҳурафтор нишинанд? Ин суолҳое, ки дар зеҳнам милод меёфт, маро боз ҳам ба сӯи рӯшантар раҳнамун мекард. Ин суолҳо гӯё калиде буданд, ки гиреҳҳоро дар шуурам мекушоданд.

Айнан нияте, ки дар Русия кардам ва тасмим гирифта будам, ки барои мардони тоҷик ҷои корӣ фароҳам месозам, инак Худованди аззаву ҷалл ба ман дар даруни автобус, ки рост меистодам, каромот кард. Ба худ гуфтам, ана куҷост ҷои коре, ки ман барои мардони тоҷик мекофтам. Дилам баъди кашфи ин каромати Худо хеле рӯшан шуд, ки тасвири онро намедонам бо чӣ тафсире баён кунам. Ҳанӯз намедонистам, ки чӣ кор бояд кунам, ҳанӯз намедонистам, ки чӣ монеаҳое маро дар пеш аст. Аз ин рӯ, шукронаи Худо ба ҷой овардам, то ба кушодани ин гиреҳ кӯмакам кунад. Тасмими ман ҷиддӣ буд ва раҳораҳ то Хуҷанд расидан, фикр кардам, ки бояд ҷамъият ё созмон ё ҳадди ақалл корхонаи кӯчаке кушоям, ки ба кашонидани мусофирон аз маркази вилоят ба Исфара ва аз ин ноҳия ба Хуҷанд хизмат расонад. Ман ин корро аз ду ҷиҳат барои худ савоб ҳисобидам:

пешина
аз 385
навбатӣ