Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
корхонае боз кунам, ки дархӯри рӯзгор ва василаи зиндагии мардони тоҷик бошад.
Аз баски фарзандони ман дар донишкадаи олии шаҳри Хуҷанд таҳсил мекарданд, ман ба аёдати эшон мерафтам. Ҳамзамон дар бахши вилоятии ҲНИТ ба ҳайси сарвари бонувони ҳизб фаъолият доштам. Аз ин рӯ маро зарурате пеш меомад, ки ҳар ҳафта се ё чор бор аз Исфара ба Хуҷанд равам. Он вақт танҳо аз рӯи соат ва реҷа автобусҳои аз арсаи шӯравӣ боқӣ монда, фаъолият мекарду халос. Аксар вақт шоҳиди он мешудам, ки автобусҳо аз мусофирон пур ва ҳатто миёнҷои роҳгарди салони автобус пур аз одамон. Ман низ гоҳо маҷбур мешудам, ки аз Исфара ба Хуҷанд ё ба хатсайри баръакс рост истода равам. Бар замми ин, нақлиёти ягона, ки чунин автобусҳои ифлос буд, табиист, ки кашонидани молу манол низ бо ин нақлиёти меросии шӯравӣ сурат мегирифт. Даруни автобусҳо бӯйи соляркаву резина мекард. Дидам, ки қочоқчиёни алюминий ва мису оҳан низ аз Исфара ба ҳамсоядеҳаи Қистакӯз марзи Қиргизистон алюминию оҳанпораҳошонро тавассути автобус мекашонанд. Аз ҳалтаҳои дилнокашу ифлос ва ҳар ҷо ҳар ҷояш теғаи оҳану мису алюминий мисли шохи гов баромада чанде мусофирон азият медиданд. Шоҳид шудам, ки домани куртаи чанде аз духтарону занон дарида шуд. Боре домани ман низ аз ин ҳалтаҳои тезинадор бенасиб намонд. Қуттиҳои себу нокро баъзан медидам, ки ба ҷои мусофирон ба нишастгоҳ монда, боиси рост истодаву то ба Хуҷанд дилбеҳузуршавон рафтани мусофирон мегардид. Аз ҳама дилбазантарин хислат дар ронандагони автобус низ дар сари ҳар қадам дошта болои ҳам гирифтани мусофирон буд, ки хеле табъҳиракунанда метофт.
Дар қиёс ба хизматгузории мусофиркашонии Тоҷикистон ман дида будам, ки дар Русия хизматрасонӣ ба мусофирон ба дараҷаи олӣ ба роҳ монда шуда буд. Он замон ба худ суол карда будам, ки чаро чунин коргузорӣ дар ватани ман нашавад?
...Ёд дорам, ки тобистони соли 2001-2002 дар шаҳри

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо