Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

шикаста доранд, аз симояшон нишонаи ғаму андӯҳ ҳувайдост. Ин ҳолат маро ба дарёи дард ғарқ сохт. Суоле зеҳни маро машғул кард, ки чаро дар кишвар ба мардони тоҷик ҷои кор нест? Агар ҷои кор ҳаст, чаро маоши кофӣ нест?
Бо ин андешаҳо, ки шаб дар сарам ба болин мондам, хобам набурд. Ба худ андешидам, ки ман дар меҳмонсарои барҳавову дилкаш иқомат дорам, аммо ҷавонмардони тоҷик дар ифлостарин ҷойҳову ҳабистарин вагонеткаҳо шабро рӯз мекунанд.

Як манзараи риққатбарангезеро дар бозори Черкизи Маскав дидам, ки то ба ҳанӯз ба хотир орам, диламро ваҳшату гиря, андӯҳу ғуссаи даҳҷанд пахш мекунад. Рӯзе ҷавони тоҷикеро дидам, ки тахмин 19-20 сола буду аз таги пой партовҳоро мебардошт. Бо забони тоҷикӣ ба ҳамсафар сухан мегуфт. Сару либосаш то ҳадде фарсудаву ифлос буд, ки ҳатто раҳми сагони саҳроро ба ҳоли ин ҷавон меовард. Маълумам шуд, ки ҳаммилару ҳамватани ман аст. Аз чеҳрааш маълум аст, ки кори партовбардориро дар ивази ночизтарин маош анҷом медиҳад.
Ҳаво хеле сарду зери по барфи сафед ғарҷас мезад. Дар пои ҷавон туфлии даридаеро дидам, ки ҳатто пояш намоён буд.
Бечора ҳатто ҷӯроб надоштааст, ки аз дарун бипӯшад. Пои урёнаш ба чашм мерасид, ки ҳолати гиряро боз дучанд мекард.
Кори ӯро ба мушоҳида гирифтам, чашм аз ӯ накандам. Ба нохост дидам, ки ӯ ҳангоми бардоштану кофтани партов аз даруни он ниммӯзаеро ёфт, ки ниммӯза аз туфлияш навтар буд. Бечора ҳадаҳа туфлиашро кашиду ҷонҳолат ниммӯзаро ба пой кард. Хеле гиря кардам.

Аз Русия бо дили абгору реш ба Ватан баргаштам. Сафари хидматии ман на ба хотири сайру саёҳат ва шаҳрбинӣ буд.
Балки хабар гирифтан аз ҳоли воқеии тоҷикони марзи Рус буд.
Бояд гӯям, ки ин пурдардтарин сафар дар умрам буд, ки то ба ҳол аз хотирам чеҳраи ғамзадаву қомати шикастаи эшон зудуда намешавад. Аз он рӯз тасмим гирифтам, ки дар Ватан, дар зодгоҳ ҳадди ақалл барои сад-саду панҷоҳ марди тоҷик ҷои корӣ фароҳам оварам. Аммо ҳанӯз намедонистам, ки чӣ

пешина
аз 385
навбатӣ