Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Шинохтаи ҷаҳон ва сиёсатмадорони барҷаста зода ва парвардаи шири поку меҳри беандозаи зан ҳастанд. Бе шак метавон гуфт, ки ҳамчун зан халқ шудан аз ҷониби Парвардигори якто ин маънии сиёсати бузурги осмонист. Ман худро бо дарки ин маъно ба сиёсат пайваста будам. Сиёсати созандаву поянда ва ободкору ҷӯяндаи роҳу равиши пок. На ҳадафҳои сиёсии пур кардани ҳамёну соҳиб шудан ба курсии равғандоре.
Тибқи дастур ва ҳадафи аслӣ аксар вақт мо вақти хешро масрафи боздид аз аҳволи муҳоҷирини тоҷик мекардем. Ростӣ, пеш аз сафар он чӣ мунтазир будам, тамоман дигар чизе пешорӯям омад. Шояд дигарон айнан чунин пешомадро мунтазир буданду қаблан медонистанд. Аммо ман — як тан бонуи тоҷик, ки кору пайкори мардони тоҷик дар марзи Русиятро надида будам, ҳоли эшонро дидану аз аҳволашон пурсон шудан, бароям бори сангине буд. Зоҳиран бо чеҳраи кушоду бо табассум бо эшон вохӯрӣ мекардаму аммо ботинам ашк мерехт. Чун модар ҳастам, дидам, ки ҷавонписарони ҳамсоли фарзандони ман ба корҳои вазнинтарину ифлостарин машғуланд. Ҷойҳои хоби эшон маро ба риққат овард. Як тӯдаро дидам, ки дар вагонетка шабро рӯз мекарданд, иддаи дигарро дидам, ки тамоман дар ҷойҳои ғайрисанитарӣ ҷойхоб доштаанд. Ҷои корашон бошад, даруни партову ифлосиҳо ва аксар дар корҳои сохмонии сангин қарор доштанд. Бовар дорам, ҳама ин сангу хишту сементе, ки мардони тоҷик бардошта кӯшку қасрҳо барои миллати рус сохтаанд, техникаи пуркувваттарини Русия тавони бардоштану сохтанро надорад. Офарин фарҳодони тоҷик!
Аммо маро як чиз бисёр ба таҳқиқ овард, ки шабҳо хоб чашмамро тарк гуфт. Ҳуқуқи тоҷикон на ба он тарзе, ки дар қонунгузории Русия омадааст, ҳимоя мешавад. Ҳарчанд дар қонунҳои ҷорияи ин кишвар аз ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ гӯё ҳимоя шудааст, аммо дар асл ягон заррае ҳимоя барои муҳоҷирини тоҷик дида намешавад. Ба чеҳраи ҷавонони тоҷик, ки айни ғурури ҷавониву айни камолоташон аст, назар медӯзаму дилам реш мешавад. Зеро, қомати хамидаву

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо