Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзии ҳаррӯза аз Яздон гирифтан муфт нест,
Гарчӣ рӯзӣ медиҳад, рӯзе зи умрат мебарад.

Зан будан сиёсат будааст

Тавре дар боло зикр кардем, ҳангоми фаъолия-там дар ҳизб аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломӣ бо раиси бахши бонувони ҲНИТ Роза Сайфуллоева моҳи сентябри соли 2002 ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия сафари хизматӣ доштам. Аз фурудгоҳи Маскав фаромадему моро тоҷикони муқими Маскав, ки аксарият дар сиёсати Россия вазни назаррас доранд, пешвоз гирифтанд. Онҳо моро тибқи суннатҳои миллиамон пӯшвоз ва меҳмондорӣ намуданд. Моро бо меҳмонсарои беҳтарин таъмин карданд, ки якумр аз ин лутфи эшон сипосгузорам ва ҳамеша аз даргоҳи Рабби Ҷалил дуои ҷону тан ва аҳли байташонро мекунам.

Ростӣ, даст ба сиёсат заданро аввалҳо чун аз таблиғи хунӣ ва меросиву бобой чизи мубҳаму пургиреҳ медонистам. Аксар вақт ба ман таблиғ мекарданд, ки сиёсат мавҷуди ифлос аст. Аммо сониян дарк кардам, ки дар ҳаёт ҷинси зан будан, ин худ сиёсат аст. Пас чаро ман набояд дар ҷамъият шахси сиёсӣ набошам. Дар Қуръон Худованд бандагони ҷинси латифашро "Нисо" унвон кард. Ба номи зан нозил шудани сураи табарруке ба Қуръони маҷид худ сиёсат аст. Зеро тамоми ашхоси

пешина
аз 385
навбатӣ