Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

худро хоҳанд дид. Тақсимоти молиявии ҳизб низ дар сатҳи маҳаллии ҳизб хуб ба роҳ монда нашуда буд. Манфиатҳои бархе аз мардон, ки аз аҳдофи покизаи ҲНИТ бехабар буданд, корро рӯз то рӯз чигилтару сангинтар месохт. Бо ин ҳама ман ба раёсати ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раҳмам меомад, ки бо боварӣ ва итминон ин афроди ноогоҳро дар маҳалҳо ба кор оварда буданд. Аз ҳама нуқтаи заъфи муҳимтарини ҳизб ҳамин буд.

Гузашта аз ин, занонеро низ дар конфронсу ҷамъомадҳои ҳизб медидам, ба сару либоси сип-сиёҳ даҳону биниашонро чунон сахт печонида буданд, ки маълум набуд, онҳо воқеан зананд ё ҷинси мард. Борҳо бо ин гуна занҳо сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ карда тақозо мекардам, ки либоси исломӣ чунин нест. Бар замми ин зане, ки худро ба сиёсати исломӣ мезанад, бо чашму рӯйҳои баста чӣ гуна метавонад дар байни издиҳом сухан бигӯяду ҳарфи дилашро ба гӯши мардум бирасонад? Аз муносибати онҳо чунон хислатҳои фанатизмро пайдо кардам, ки дилгирии дигари ман буд. Охир Ислом сатри авратро дар Қуръону аҳодиси Паёмбари бузург (с) хеле хубу возеҳ баён кардааст, ки аз нармии гӯш, зери дамидани мӯи пешонӣ ва манаҳ, даст аз нарангушту пой аз бучулак боло пӯшида бошад шуд. Муҳим нест, ки худро зери чодари сиёҳ кашиду аз ҳама муҳимаш ҳатто чашм қариб, ки нонамоён карда, ба садри маҷлис барои. Шукрона, ки банда низ либоси исломӣ то ба ҳанӯз ба бар дорам. Аммо ба ин гуна занҳо, ки худро ба сиёсати исломӣ задаанду мутаассибиро ба дараҷаи аъло бардошта зери чодари сиёҳ чеҳраашонро пинҳон мекунанд, назар мекунаму ба худ суол медиҳам: Оё мешавад, ки мо исломи дунявисозу ободгареро бо чунин занҳо рӯи кор биёварем? Ҳаргиз на! Ҳама чиз ҳудуд дорад. Дар ин зимн дигар ҳарфе намегӯям, зеро қазоватро ба дӯши он занони сиёсии ислом мегузорам, ки дуруст будани ҳарфҳоямро сонитарҳо дарк мекунанд.

Ин омилҳо буд, ки ман ногузир аз сиёсат даст мекашидам. Рӯй ба кори хонаву хизмати шавҳару оила меовардам.

пешина
аз 385
навбатӣ