Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Шукрона ба афроди худогоҳи ҲНИТ ман борҳо сафарҳои хизматӣ анҷом додаму дар сафарҳо низ таҷрибаи ҳаёт омӯхтам. Бо ин ҳама, баъди фаъолияти се соли расо дар ҲНИТ ман қарор кардам, ки аз сиёсат даст мекашам. Манзурамро ба устод Нурӣ ва Ҳимматзода расонидам. Онҳо низ тасмими маро дуруст қабул карданд. Бевосита дар дафтари кории устод Нурӣ ин матлабро баён кардам. Ҳама хомӯш шуданд якбора. Бо он ки ба рафтани ман ризоят доданд, аз чеҳраи нурбори устод Нурӣ пайдо кардам, ки аз рафтан мутаассифанд. Ин ҷашни бисту нӯҳум солгарди таъсисёбии ҲНИТ буд, ки пас аз анҷоми ҷашн ин сӯҳбат ба вуқӯъ пайваст.

Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо нигоҳҳои меҳрбори падарона сӯям назар карданду даст ба дуо бардоштанд ва гуфтанд:

-Наҷотхон, шумо рисолати худро хуб анҷом додед. Коре, ки мебоист тӯли сӣ сол ба анҷом мерасид, шумо тавонистед дар муддати кӯтоҳ - дар се сол анҷом бидиҳед. Парвардигор дар умури зиндагӣ ва кори шумо баракат ато кунаду ҳамеша аз шумо ризо бошад. Мо аз шумо хеле сипосгузорем, ки ҳамчун як хоҳари мусалмон барои мо кӯмаки бедареги худро расонидед. Мо метавонем шуморо ба раёсати ҲНИТ ба Душанбе даъват кунем, шавҳару фарзандононро низ ба кор таъмин намоем. Аммо медонам, ки шумо розӣ намешавед, ман сабаби дилхунукии шуморо мефаҳмам ва инчунин норизо будани аҳли хонаводаатонро низ дарк мекунам. Ниҳоят ба ҷуз дуо дигар коре карда наметавонам. Натиҷаи хизмати дилсофонаи шумо буд, ки дар қатори дигар аъзоёни собиқадори номвар хизмати шумо дар китоби 29-солагии таърихи ҲНИТ сабт шудааст.

Устод ба ман дар ояндаи зиндагиам аз номи Раёсати ҳизб комгориву бурдборӣ тамано карданд, ки то ба ҳол ҳарфҳои самимиашон аз лавҳи хотирам зудуда намешавад.

Барои хотира соати деворие, ки онро навиштаҷоте бо хатти форсӣ музайян месохт, тақдим намуданд. Дар навиштаҷот низ "Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон" навишта шудааст, ки ҳар

пешина
аз 385
навбатӣ