Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Олимов, Сафаралӣ Раҷабов, Абдунабӣ Сатторзода, устод Лоиқ Шералӣ, профессор Раҷаб Амонов ва дигарон борҳо вохӯрдаву сӯҳбат кардаву ба худ баҳраи кофӣ бардоштаам.

Ин буд, ки дониши сиёсии ман рӯз то рӯз вусъат пайдо карда, барои рушди минбаъдаи бонувони ҲНИТ беасар намонд. Борҳо дар конфронсҳову ҷамъомадҳои бонуфуз ширкат варзида, нутқҳо эрод намуда, пешниҳодҳои ҷолиби диққат кардам.

Аммо маро на мушкилоти иқтисодӣ, балки мушкилие дигар буд, ки дар шаҳри Хуҷанд зисти муваққатӣ дар хонаи иҷоравӣ барои ҳам басо гарон афтод. Ду фарзандам, ки дар донишгоҳҳои олии Хуҷанд таҳсил мекарданд, бо онҳо зиндагӣ доштаму бояд ҳар ҳафта чор-панҷ рӯз дар Хуҷанд монда ва дигар рӯзҳо ба Исфара бармегаштам. Ин буд, ки мушкилии равуо ба иқтисодиёт сахт марбут буд, маро то ҳадде дилбазан ва муфлис кард, ки борҳо ба раиси бахши бонувони марказ аз чунин вазъи пешомада муроҷиат карда будам. Инак, пеши роҳам ду интихоб меистод: Якум ё ба мушкилиҳо тоб оварда, аз баҳри хонаву оила мебаромадаму ба ҳаёти сиёсӣ куллан мепайвастам ва ё аз баҳри сиёсат гузашта чун кадбонуи оила ба Исфара бебозгашт бармегаштам.

Таҳлили ин нуқта ва ба сари хулосаи амиқ омадан, борҳо маро дар танҳоӣ азият медоду намедонистам худро ба кадом кӯча бизанам. Ҳизбро агар сарфи назар кунам, ҳанӯз рисолати ман ба охир нарасида буд. Ҳанӯз занони деҳот ба кӯмаки маънавӣ ниёз доштанд. Агар аз баҳри оила гузарам, ба ояндаи фарзандонам асари ҷиддии манфиро боровар буд.

Бар замми ин, агар дар сатҳи раёсати ҳизб афроди худогоҳу Худоогоҳ ва дилсӯзи миллат ҷамъ шуда бошанд, бадии кор дар он буд, ки дар сатҳи маҳаллоти ҳизб ашхоси хеле кундфаҳму манфиатҷӯ ҳанӯз буданд. Бавижа, баъди рафтани эшони Шамсиддинхон аз садри ҲНИТ-и вилоят то ҳадде корро коста гардонис, ки худкомагии бархе ба авҷи аъло расид. Ман исми эшонро намеорам. Аммо бовар дорам худи онҳо ҳангоми мутолиаи ин сатрҳо паси ин маълӣ чеҳраҳои зишту бадкораи

пешина
аз 385
навбатӣ