Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

миз дӯхту нохост телефонро гирифту рақам чидан гирифт. Баъдан маълум шуд, ки ӯ ба ҳукумати шаҳри Исфара ба қабулгоҳи раиси шаҳр занг задааст.

Вақте ӯ ба ҳукумати шаҳри Исфара занг зад, дар қабулгоҳ телефонро зан бардошт. Аз гуфтугӯи устод Усмонов фаҳмидам, ки телефонро Музамбила Воситова бардоштааст.

И.Усмонов дид, ки дар қабулгоҳ ба ҷуз Воситова касе нест, маҷбур шуд матлабашро ба ӯ баён созад ва аз Воситова тақозо кард, ки гуфтаҳояшро ба раиси шаҳр расонад. Иброҳим Усмонов тақозо кард, ки ҳарчӣ зудтар барои таъмини кӯдакистон ҳукумати шаҳр кӯмакашро расонад ва ба он ҳаматарафа мусоидат намояд. Он вақт, ки Иброҳим Усмонов аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар КОМ намояндагӣ мекард, ҳарфи ӯ дар ҳама нуқоти кишвар вазн дошт. Аз ин рӯ, Воситова “хуб шудааст” гуфту гӯширо Иброҳим Усмонов монд ва маро ором намуд, ки ҳукумати шаҳри Исфара ҳатман барои таъмини кулли кӯдакистон мусоидат менамоянд.

-Воситова албатта,-Иброҳим Усмонов ба тарафи ман тоб хӯрда хитоб кард,-ин занги телефонӣ ва супориши маро ба раиси шаҳр Ҳалимов мерасонад. Боварӣ дорам, ки Ҳалимов ба ман занг мезанад ва ба ӯ муқарраран таъкид мекунам, ки ба мушкилоти шумо расидагӣ кунанд, - илова намуд устод И.Усмонов.

Инак бо дарёфти 20 000 доллари ИМА ман хурсандтар аз ҳар вақт шудам. Таъмири кӯдакистон ва таъмини кӯдакон бо дарси ниёгон беҳтарин мақом бароим буд...

...Бо хурсандии том аз он ки кӯдакистонам тармими куллиро мебинад, ҳатто ташаккур гуфтан ба КОМ-ро насия гузошта, раҳ ба сӯи зодгоҳ- Исфара гирифтам. Ба қатори Душанбе-Хуҷанд нишастаму тасодуф бо муаллими донишгоҳи касбии техникии шаҳри Душанбе Ҷӯраҷӯҷа Яҳёев ва ҳамсари он кас Саодатхон, ки дугонаи давраи ҷвониам буданд, ҳамсафар шудем. Муаллим Яҳёев бемор буданду ҳамсарашон Саодатхон то ба рӯз аз паи нигоҳубини шаҳҷар андармони доруву дармон буд.

пешина
аз 385
навбатӣ