Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ирсоли маблағи ваъдашуда тавассути суратҳисоб ба кӯдакистон сурат бигирад.
Барои ман ин лаҳза лаҳзаи фаромӯшнашаванда буд. Ба дараҷае хурсанд гашта будам, ки агар касе маро медид, гумон мекард, ки ё аз замин хуми калони тилло ёфтаам ё аз умри дубора дидаам. Дар дил ба худ гуфтам, ки аз ин ибтикор на фақат идораи маориф, балки ҳукумати шаҳрамон, низ хурсанд мешавад, зеро як гӯшаи диёрамон — кӯдакистон, ки даргоҳи фариштагон аст обод мегардад...
...Ба даргоҳи кӯдакистон меҳри беандоза доштаму дорам, ки тавре хонандаи азиз дар боло таъвилу таъбирҳои рӯъёямро дар бобати дидани кӯдакони маъсум хондаед. Аз ин рӯ, ман даргоҳи тарбияи тифлакони фариштасиморо бо ҳеҷ ваҷҳ ба ягон мансаб иваз намекардам. Ба ин хотир бояд тазаккур дод, ки аз мулоқоти намояндагони давлати Олмон расо чаҳор рӯз пеш ман барои дидор ба утоқи кории Иброҳим Усмон даромадам, ки Халифабобо Ҳомидов ва Сангинов низ дар он ҷо ҳузур доштанд. Баъди ҳолпурсӣ аз пешрафти корҳоям онҳо якбора аз ман тақозо карданд, ки аз ҳисоби тақсимоти 30 фоизаи мансабҳои давлатӣ ман курсии муовини раиси шаҳри Исфараро ба уҳда бояд бигирам.
Аз ростӣ ба ҷои ман каси дигаре мебуд, бо ҷону дил ва бароҳатӣ ин пешниҳодро қабул месохт. Худованд гувоҳ аст ва ин ду нафар то ба ҳанӯз зиндаанд, шоҳиданд, ки ман пешниҳодро куллан рад кардам.
— Барои ман обод кардани даргоҳи кӯдакон беҳтарин мақому мансаб аст. Маро аз пешниҳоди ин вазифа хоҳиш мекунам мақдур ва маъзур доред, — узрамро гуфтаму ҳамзамон аз боварии эшон изҳори ташаккур кардам.
Вақте онҳо ин посухи ғайримунтазираро аз ман шуниданд, ҳайрон шуданду дар тасмими ободии кӯдакистон ибтикорамро таҳсин гуфтанд. Ҳамзамон ваъда карданд, ки ҳар чӣ тавон доранд, дар раҳи ба мақсад расиданам дар ҷодаи тарбияи кӯдакон кӯмаки худро дареғ намедоранд. Баъди ин гуфтор устод Иброҳим Усмонов андак нигоҳҳои андешамандашро рӯи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо