Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Тарҷумон рӯй ба ман оварду аз номи ин хоҷааш ба ман гуфт:
-Барои таъмини қисми бинои кӯдакистон 20 000 доллар кифоя мекунад?
Намедонистам чӣ посух бидиҳам. Гӯё ба сарам бо путке зада бошанд, дар ҷоям шах шудам. Гумон кардам, ки хобам аст. Аммо худро боз дар бедорӣ дидаму бо вуҷуди ин нобоварона ба чашми марди тарҷумон нигоҳамро ҷиддан дӯхтам. Ман чунин маблағро интизор набудам, гумон кардам, ки онҳо муроҷиати маро шунида, баъд ваъда медиҳанд, ки "дида мебароем", "камтар тоқат кунед, дар ҳоли ҳозир маблағ нест" ва амсоли инҳо. Аммо ман ба коргузории олмониҳо он замон қоил шудам, ки масъаларо дар ҷояш ҳал мекардаанд. Хеле зуд, босифат ва аз рӯи усулҳои инсонгарой. Зеро то ба ин лаҳза даре намонда буд, ки накӯфта бошам. Дар ҳама ҷо такрор ба такрор мегуфтанд, ки "дида мебароем", "камтар тоқат кунед, дар ҳоли ҳозир маблағ нест" ва ғайра баҳонаҳои дигар. Ман ба шунидани чунин ваъдаҳои деринтизор одат карда будам. Аз ин рӯ, якбора 20 000 доллари ИМА ваъда кардани ин марди олмонӣ маро сахт ба ҳайрат гузошт.
Бо ин ҳама ба ҳайрат мондани худро пинҳон кардаму бо камоли хоксорӣ ризоиятамро додам. Аммо дар дилам шодӣ ғулғула дошт. Чун ба пиндор ва тахмини ҳоми пешакии ман ширкатҳои хориҷӣ агар ҳиммат кунанд, то ба 2-3 ҳазор доллар кӯмак мекунанду халос. Лекин якбора 20 000 доллар маблағ ҷудо кардани ширкати олмонӣ бароям басо ғайриинтизор ва нишотовар буд. Зеро ман бо ин маблағ метавонам кӯдакистонро на таъмири куллӣ, балки азнавсозии беҳтарину замонавӣ созам. Ҳол он ки ин марди олмонӣ бо хоксорӣ мегӯяд, 20 000 доллар барои таъмири қисми кӯдакистонам мерасад ё не. Ман коргузории беҳтаринро дар ин даргоҳ дидам.
Пас он намоянда баъди дарёфти ризоии ман ба ҳуҷҷати лоиҳаи таъмири кӯдакистон барои 20 000 доллар имзо гузошту ба утоқи кории худ рафт. Тарҷумон аз ман хоҳиш кард, ки ҳар чӣ зудтар суратҳисобро дар бонки давлатӣ барои кӯдакистон кушода, он суратҳисобро ба суроғаи эшон бифиристам, то

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо