Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Сангинов ваъда карданд, ки оиди ин масъала меандешанд, пас аз ду-се рӯз хабар гирам...
Хулоса пас аз 4-5 рӯз дар асоси фармоиши устод Муҳаммадшариф Ҳиммадзода ба як идораи корхонаи ғайридавлатӣ рафтам, ки он дар канори боғи Рӯдакӣ дар қатори бинои табобатхона қарор доштааст.
Дар қабулгоҳи ин идора як марди миёнасоли гандумгин ва хурдҷуссае нишаста буд, ки аз симояш баръало маълум буд, ки одами хориҷаст. Бо баробари даромадани ман аз курсӣ хеста:
-Марҳамат хонум, бифармоед, худатонро муаррифӣ намоед. Бифармоед, чӣ мушкилӣ доред, кадом масъала шуморо ба сӯи мо овард? Бароятон чӣ хизмат кунем,- гӯён бо забони фасеҳи форсии ширин маро пешвоз гирифт. Аз лафзаш пайдо кардам, ки на фақат ба забони форсӣ хуб балад будааст, балки одобу русуми шарқиенаро то ба ҳадде омӯхтааст, ки танҳо чеҳраи аврупоиаш ӯро метавонист аз нажоди шарқӣ истисно намояд. Дар гуфтору рафтор ва одоби пазироӣ аз эрониҳо мондание надошт.
Ман ҳам бо баробари нишастан исмамро гуфта, вазифаамро баён кардам. Инчунин аз устод Муҳаммадшариф Ҳиммадзода низ гӯшрас кардам, ки бо роҳбаладӣ ва машварати он кас ба ин даргоҳ омадаам. Аз таъмири кӯдакистонам дар асоси ҳуҷҷатҳои дар дастам буда, сухан гуфтам. Пас аз анҷоми кӯтоҳакак сӯҳбатамон он мард аз ҷояш хест ва ба дари ҳуҷраи дасти рост даромад, пас аз чанд дақиқа бо як шахси паҳлавонҷуссаи хориҷӣ баромад ва бо забони немисӣ маро бо ӯ шинос кард ва бо забони немисӣ бо ман ва ҳуҷҷатҳои ман ишоракунон сухане гуфт, ки барои ман ин сӯҳбат торик буд. Вале аз оҳанги гуфторашон пай бурдам, ки мавзӯи сӯҳбаташон муроҷиати ман ба ин даргоҳ будааст.
Инчунин исми устод Ҳимматзодаро низ ҳангоми сӯҳбати байни якдигар ба забон гирифтанд, ки пай бурдам, ки ба эшон эҳтироми вижаеро қоиланд. Баъд аз радду бадали якчанд сухан намояндаи олмонӣ ба тарҷумонаш чизе бо забони олмонӣ гуфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо