Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
набуд. Яке ифлосии оғилхона, дигаре ҳоҷатхона ва саввумӣ пасмондаи шустушӯяшро низ ба ин ҷӯйбор ҳавола мекард.
Зуд-зуд оби ифлоси мабраз, ки қубури корношоям онро кашида наметавонист, ба худи мабразхонаи гурӯҳи кӯдакони хурдсол фаввора зада, ба рӯи фарш ҷорӣ мешуд. Барои пешгирии ин ҳодиса наметавонистам, ки сантехник ёбам. Ин манзара на як бору ду бор, қариб ҳар моҳ рух медод, ки на балки барои ман ҳамчун роҳбар, алалхусус ба мураббия, доя ва фаррошзан даҳшате буд. Зеро тоза кардани он басо дилбеҳузуркунанда буд.
Агарчанде борҳо дархости ман ба роҳбар ва масъулони ҳукумат расидааст, вале мутаассифона аз сабаби дар буҷа надоштани маблағ ноилоҷ мондаву ҳатто дар ин маврид ягон посухи амиқ ҳам надоданд. Даре набуд, ки дар ин маврид накӯфта бошам.
Моҳи апрели соли 1999 ба хотири ба нашриёт супоридани чопи дастурам ба шаҳри Душанбе рафтам. Аз сабабе, ки боз дарди гурдаам ғам медод, якбора варақаи беморӣ кушода, дар назорати шахсии табиби касбии шинохта, профессор Осимӣ ва Муллозуҳур Тоҳирӣ табобат ҳам гирифтам. Дар лаҳзаҳои фориғ ба дидор ва зиёрати дӯстони навам ба КОМ мерафтам.
Боре назди сардори шӯъбаи санҷишӣ-устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода даромадам, ки бо ҳамроҳии Сангинов - масъули соҳаи ҳуқуқи КОМ андармони сӯҳбат будаанд.
Баъди даромадан арзи худро пиромуни вазъи оилавии домулло Шаҳобиддинхон ва падари пири он касу дигар масъалаҳо баён намудам. Онҳо маро то ба охир гӯш карданд, оид ба қазияи домулло Шаҳобиддинхон гуфтанд, ки дубора мактуб ба мақомоти қудратӣ ва ҳукумати вилоят ирсол кардаанд, иншоаллоҳ рӯзе мерасад, ки ин мушкилот ҳал мегардад. Дар охири сӯҳбат ба устод Ҳимматзода барои дарёфт кардани сарпараст дар бораи таъмири қубури партов ва кашонидани қубур барои овардани оби нӯшоқӣ ба кӯдакистонам маслиҳат гузоштам. Устод Ҳимматзода ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо