Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

маънавии кӯдакон бешак кушода мешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки "Забондонӣ ҷаҳондонист", - баъдан устод ба як марди дар паҳлӯяшон буда хитоб карда, - Холмуҳаммад, шумо дархости маъмурияти кӯдакистонро аз номи ин хоҳарам гиред, то ин ки қадри ҳол кӯмакашон кунем, - гӯён муроҷиат карданд. Баъдан фаҳмидам, ки Холмуҳаммад ёвари устод Нурӣ будааст.

Дар воқеъ аз ҷониби КОМ бо дастгирии устод Нурӣ барои кӯдакистони №31 50 000 сум туҳфа шуд. Бовариам намеомад, зеро бо ин гуна маблағи калон тавонистам зиёда аз як сол ҳавасманд кардани мураббиёнро таъмин созаму баҳри омӯзиш ва таълим ниёзи музди маоши мутахассисони забонҳои форсиву англисӣ ва русиро бароварда созам.

Бо вуҷуди он ки ин маблағ барои ҳамён ва манфиати худи ман нест, аз масаррат дар ҳаво чун мурғ парпар задам.

Тавре дар боло гуфтам, ман ин маблағро барои мураббиён ва мутахассисон ҷалб кардаам, ки асосан муаллимони забонҳои русиву англисӣ ва форсӣ буданд сарф кардам. Сидқан бояд иқрор шавам, ки ин дасти кӯмаки устод Нурӣ моро хеле рӯҳбаланд сохт ва бароямон кӯмаки хеле бузурге буд.

Аз пештар дида боз масъалаи тарбияву таълим дар боғча ба дараҷаи болотар рафт. Дарсҳои англисӣ ва русӣ тавассути мутахассисони баландихтисос ба роҳ монда шуд, ки нозукиҳои равонии кӯдаконро медонистанд ва аз илми педагогика хеле хуб бархурдор буданд.

Аз ҷиҳати таълиму тарбия хотирам хеле ҷамъ гашт. Чунки ман борҳо дар сӯҳбат бо тарбиятгирандагони боғча шоҳиди он шудам, ки нисбат ба пешин ба андозаи қаноатбахш пеш рафта буданд. Ҳам дар гуфтугӯи забони русӣ ва ҳам дар англисӣ ва ҳам дар форсӣ. Аммо ҳамоно танқисии оби нӯшокӣ ва таъмири асосии қубурҳои ташноб (канализатсия) илоҷ намеёфтам. Ногуфта намонад, ки оби равон аз дохили канораи боғча ҷорӣ мешуд. Аммо аз сабаби он ки ҷӯйбор аз дохили манзили даҳҳо истиқоматкунандагони атрофи боғча убур мекард, аксари вақт об ифлос меомад, ки қобили истифода

пешина
аз 385
навбатӣ