Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Аҳмадов. Ин ҷавонмарди худогоҳ аз ҷониби Дастгоҳи президент дар КОМ кор мекардааст. Барои дубора чоп кардани дастури "Нури Одамият" мушкилиҳо пеш омад. Яъне чопи компютерии китоб рӯи кор омад, ки бо маслиҳат ва дастгирии Баракатуллоҳ духтаре дар КОМ ёфт шуд, ки коргари компӯтарӣ будааст. Ҳамин тавр қариб ҳар рӯз барои чоп кардан ба назди он духтар ба КОМ мерафтаму дар лаҳзаҳои фориғӣ аз натиҷаи мактуби вобаста ба Шаҳобиддинхон буда ба назди Муҳиддин Кабирӣ ё Шоҳнаим пурсон мешудам.
Муҳиддин Кабирӣ ҷавони хеле зебо, рӯйгарм ва бо саводу дар гуфтор ҳалим аст. Ӯ дар лаҳзаҳои сӯҳбат аз касбу кори ман, ки огоҳ буд, бароям маслиҳатҳои муфид медод. Алалхусус мақсади маро оид ба кӯдакони синни болоии кӯдакистон ҷорӣ кардани омӯзишҳои забонҳои форсӣ, русӣ ва англисӣ дуруст дониста, бо ман ҳамфикрию худро баён карда, розӣ буд, ки имкониятҳо ёфта, ин корҳои ҳатман зарурро зудтар ба роҳ монам. Мӯйҳои бо оқиб шоназадаи зебову сару либосаш шинам буда, аз сӯҳбати орифонаи Муҳиддин Кабирӣ маълум буд, ки ӯ як инсони ояндадор аст. Қаблан ба тавассути телевизион ва рӯзномаю китобҳо аз чеҳраҳои шахсони шинохта чун устод Абдунабӣ Сатторзода, Кароматуллоҳ Олимов, Халифабобо Ҳомидов ва Иброҳим Усмонов воқиф будам, гоҳ-гоҳ зиёрати онҳоро ҳам фаромӯш намекардам.
Дар сафари баъдинаам имконият ёфта дар масъалаи асосӣ — яъне аз ҳабс озод кардани Шаҳобиддинхон назди устод Саид Абдуллоҳи Нури даромадам. Дар айни ҳол барномаи тарбияи миллиро ба устод нишон дода, оид ба ҷалб кардани омӯзгорони забони форсӣ, русӣ ва англисӣ ба кӯдакистон дар асоси оиннома ва барнома, инчунин надоштани маблағ ба омӯзгорон аз устод маслиҳат пурсидам.
-Идеяи ҷолиб! Ин барномае, ки шумо таҳия сохтаед, аллакай бояд ба роҳ монда мешуд, -бо меҳрубонӣ суханашонро давом доданд устод, -мо солҳои зиёд оқиб мондаем, таълими забономӯзӣ агар аз кӯдакистон маншаъ гирад, пас бо ин калиди асосӣ қуфли рушди минбаъдаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо