Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
калони мардум дилам моломоли дарду андӯҳ гардид. Хеле ғамгин ва рӯҳафтод шудам, ки ҳолатамро худам медонаму Худо. Ба ҳоли ин тӯдаи мусибатзадаю саргашта дилам сӯхта, дар синаам нотобиро эҳсос кардам. Чанд лаҳза худамро гум кардам, таги дарахти сада, зери баргҳои тиллоранги шоха андаке қарор гирифтам. Андеша кардам, ки агар моҳ гузарад, ҳам ба навбат расида наметавонам. Ба ёдам омад, ки аз Муҳаммадхон рақами телефонашонро гирифта будам. Аз телефони қади кӯчаи назди Бонки миллӣ ба Муҳаммадхон телефон карда, хоҳиш намудам, ки бе навбат ба КОМ даромаданро ба ман кӯмак кунад.
Дар ҷавоб Муҳаммадхон бо хушгуфториву муаддабона ва камтар ҳазлкунон:
-
О хоҳари азизам, чашми ҳамаро баста ба Аппарати Президент даромадеду ба КОМ даромада наметавонед? - гӯён шухӣ карданд.
-
Муҳаммадхонҷон, ба худо бе шӯхӣ, се рӯз пеш чӣ хеле, ки ба дастгоҳ озод даромадам, айнан ба ин ҷо ҳам даромада будам, вале имрӯз намемонанд, - гуфтам бо ҷиддият.
-
Не-е, бо қоҳ-қоҳи баланд хандида бо шухӣ суханашонро давом доданд Муҳаммадхон, - дуоҳои шумо таъсираш ба як бор будааст-дия, хайр гӯш кунед, хоҳари азизам, ҳозир шумо пас аз се-чор дақиқа занг занед, ман ба як дӯстам, ки дар КОМ кор мекунад, тамос мегирам. Агар бошад, ман гап мезанам, ба шумо кӯмак мекунад.
Хулоса пас аз гуфтугӯҳо, тахминан пас аз даҳ дақиқа ҷавонмарди миёнақад, чашму абрувони сиёҳи бо ҳам пайваста ва кулчарӯи гандумранги хеле ситорагарм, ки исмаш Баракатуллоҳ будааст, аз байни издиҳом мани ҳайрони ба чор тараф нигоҳ карда истодаро, ёфта наздаш хонд, исмамро пурсид ва ба посбонҳои таги дар “ин кас назди ман омадаанд”, гӯён ҳамроҳ ба КОМ даровард.
Минбаъд барои ҳаёти ман гом гузоштан ба сӯи КОМ зинаҳо ва паҳлӯҳои нави ҳаётамро пешорӯям овард.
Инсони меҳрубон ва ғамхор будааст Баракатуллоҳ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо