Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
-Дар даромадгоҳ мушкилот ва монеагиҳо ба миён наомад? -пурсиданд устод.
-Не, не, ягон кас чизе нагуфт, касе ғамам надод, озод даромадам, ҳатто напурсид, ки ба куҷо меравам.
Дидам, ки устод бо тааҷҷуб ба Шоҳнаим нигоҳи пурмаъно карданд, у «аҷабо» гуфтанд ва пас аз сукуте фармуданд:
-Мо ин дархостномаи шуморо ба комиссияи тафтишотӣ месупорем, метавонед натиҷаашро пас аз се-чор рӯз аз комиссияи тафтишотӣ ба даст оваред. Пас аз анҷоми ин сухан бо дуо ва иҷозати устод Шоҳнаим дарро кушода маро гусел кард.
Пас аз се рӯз боз ба дари КОМ омадам. Издиҳоми зиёди пештараро дидам, ки гӯё инҷоро онҳо иҷора карда нишаста буданд. Си қадам дуртар аз даромадгоҳи КОМ тӯдаи зиёди марду зан ба даромадани як идора бо навбат меистоданд. Чун хостам дохили бино гардам, вале ду посбон, ки дар дастонашон автомату тасбеҳ буд, маро нагузоштанд.
-Бе ҳуҷҷат даромадан манъ аст, - омирона хитоб кард яке аз онҳо.
-Шиноснома дорам, - гӯён сумкаамро кушодам, хостам шиносномаро нишонаш бидиҳам, вале он мард гуфт:
-Э, хола, ба ман шиносномаи ту чӣ даркор, рав он сӯ, - посбони силоҳдор ҷониби тӯдаи мардуми ростистодаро нишон дода, суханашро давом дод. - Ҳо он ҷо шӯъбаи иҷозатномадиҳӣ аст, аз он ҷо иҷозатнома гирифта меорӣ, ки ба назди кӣ медарой. Баъд марҳамат, иҷозат медиҳем, ки дарой.
Ба назди тӯдаи мардум рафтам, фаҳмидам, ки онҳо моҳҳои зиёд дар навбат истодаанд. Дарк кардам, ки ин мардум барои ягон ҷамъомад не, балки барои муроҷиат омадаанд. Яке писаргумкардаю дуввумӣ шавҳарашро пайдо карда наметавонад. Дигаре падаргумкардаю яки дигар зангумкарда. Шунидам, ки яке аз даъвогарон зани шаҳид асту кӯдаконаш нони хӯрдани надорад, дигаре даъво дорад, ки на сарпаноҳ дораду на пӯшокии тан. Хулоса, аз дидану шунидани арзи ин гурӯҳи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо