Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

куҷо мешавад, — сониятар илова кард.

  • Ман аз шаҳри Исфара, вилояти Суғд, — ҷавоб додам. Шоҳнаим бошад «як лаҳза истед» гуфту назди устод даромад ва пас аз ду-се дақиқа дарро кушоду маро даъват кард. Чун дохили ҳуҷраи кории устод гаштам, бӯи хуш ба машомам расид. Ҳуҷра хеле тозаю ороста, боло мизи корӣ телефону чанд адад китоб ва ҳуҷҷатҳо бо тартиб гузошта шуда буд.

Устод Нурӣ дар курсӣ бо виқор менишастанд. Чеҳраи пурнуру табассуми малеҳашон гӯё ба дафтари корӣ нури дигар зам мекарданд. Бо эҳтиром наздиктар ба ин марди хирад шудам ва бо кафи дастонам китфи росташонро масҳ кардаму эҳтироми зиёратро ба ҷо оварда, баъд ба салому ҳолпурсӣ гузаштам. Дар чеҳраи устод Нурӣ зебогии ҳаёро дидам, ки ҳини сӯҳбат нигоҳашон ба зер афканда буд. Қаблан дар сӯҳбати бисёр мардон ин ҳолатро мушоҳида накарда будам. Билъакс дигар мардон ба чашми занон рост нигоҳ карда, сухан мекарданд. Аз адаби нишаст ва тарзи муомилаи шариатии устод ро дар як нафас хуб дарк кардаму муносибати озодонаи хешро ба даст гирифтам, ростӣ, ки андак хиҷолат кашидам. Бо эҳтиёт ва оромона мақсади омаданамро баён кардам ва мактубро бо эҳтиром ба устод дароз кардам. Устод бо тамкин чашм ба мактуб давонданд ва баъдан оромона аз ман пурсиданд:

  • Шумо назди Достиев надаромадед? Мебоист, ки аввал ба назди он кас медаромадед, — нигоҳашон аз мактуб наканда ба ман хитоб карданд.

  • Устод, пеш аз даромадан ба назди шумо, хостам аввал он касро бинам, вале набудаанд, дар таги дарашон посбон ҳам нест, ки пурсам, бо эҳтироми хос ҳозирҷавобӣ намудам ва ростӣ андак ҳаяҷон маро пахш кард.

Устод табассум карданду чашм дар зер боз пурсиданд:

  • Шуморо ин ҷо кӣ овард?
  • Ҳеҷ кас, худам омадам, — якбора ба сарам зад, ки ин ҷо низ мисли қасри Дастгоҳи президент даргоҳи маъмурияти давлатисту боз шояд тартиботро вайрон карда бошам.
пешина
аз 385
навбатӣ